Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Корея барқияи изҳори тасаллӣ фиристод

Date:

Дирӯз, 30-юми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Юн Сок Ёл, Президенти Корея дар робита ба қурбониёни издиҳоми шадиди таҷлилкунандагони Ҳэллоуин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

"Хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва осеб дидани шумораи зиёди мардум бар асари сар задани издиҳоми шадид дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Сеул боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея ва  пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоем ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем",- гуфта мешавад дар барқия.

Ёдовар мешавем, ки як издиҳоми бузурги одамон мехостанд Ҳэллоуинро ҷашн бигиранд, ки дар натиҷаи ин издиҳом ба гузориши расонаҳо 151 нафар кушта ва беш аз 150 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои расонаҳо дар миёни кушташудагон 19 шаҳрванди хориҷӣ низ ҳастанд. Инҳо шаҳрвандони Русия, Чин, Норвегия ва Узбекистон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...