КҲФ ҷасади ҷавони ба дарёи Зарафшон афтодаро ҷустуҷӯ мекунад

Дар шаҳри Панҷакент, шимоли Тоҷикистон ҷустуҷӯи ҷасади ҷавоне, ки ҳангоми ҳезумчинӣ ба дарёи Зарафшон афтода буд, идома дорад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба «Азия-Плюс» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, рӯзи 1 ноябр як сокини 17-солаи ин шаҳр бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ лағжида, ба дарё сарозер шудааст. «Наҷотдиҳандагони Кумита дар минтақаи Зарафшон […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар шаҳри Панҷакент, шимоли Тоҷикистон ҷустуҷӯи ҷасади ҷавоне, ки ҳангоми ҳезумчинӣ ба дарёи Зарафшон афтода буд, идома дорад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба «Азия-Плюс» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 1 ноябр як сокини 17-солаи ин шаҳр бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ лағжида, ба дарё сарозер шудааст.

«Наҷотдиҳандагони Кумита дар минтақаи Зарафшон ба корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ шурӯъ карданд, вале бинобар фаро расидани торикӣ корҳои ҷустуҷӯӣ мутаваққиф шуданд», – гуфт манбаъ.

Зикр шуд, ки Корҳои ҷустуҷӯ субҳи имрӯз дубора оғоз шуданд.

КҲФ бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат карда, аз шаҳрвандони муқими доманакӯҳҳо ва кӯҳистон даъват мекунад, ки ҳангоми чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор эҳтиёткор бошанд, кӯдаконро ба ин корҳо ҷалб накунанд ва то ҳадди имкон аз анҷом додани ин корҳо то охири ҳафта худдорӣ намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.