Соҳибкори тоҷик ба Самандар Муродов, размикори ММА хона тӯҳфа кард

Варзишгари тоҷик Самандар Муродов, ки дар риштаи ММА қувваозмоӣ мекунад, пас аз ғалаба бар Ҷиан Сикуэйраи бразилӣ дар мусобиқаи "Роҳ ба UFC" ба ватан баргашт. Дар Душанбе ба ӯ соҳибкори маҳаллӣ Саидҷон Холов калиди манзил дар маҷмааи истиқоматии «Себистон-2018»-ро тақдим намуд. Дар ин бора нашрияи Sport in Tajikistan дар ВКонтакте хабар медиҳад. "Ҳоло Самандар ҷои […]

Сайфиддин Караев, Asia-Plus

Варзишгари тоҷик Самандар Муродов, ки дар риштаи ММА қувваозмоӣ мекунад, пас аз ғалаба бар Ҷиан Сикуэйраи бразилӣ дар мусобиқаи "Роҳ ба UFC" ба ватан баргашт. Дар Душанбе ба ӯ соҳибкори маҳаллӣ Саидҷон Холов калиди манзил дар маҷмааи истиқоматии «Себистон-2018»-ро тақдим намуд.

Дар ин бора нашрияи Sport in Tajikistan дар ВКонтакте хабар медиҳад.

"Ҳоло Самандар ҷои зист дорад ва оромона ба тамрин меравад", – омадааст дар паём.

Ёдовар мешавем, ки Самандар дар баробари Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров сеюмин довталаби шартнома бо UFC мебошад. Кадоме аз он аввалин шуда дар риштаи UFC қувваозмоӣ мекунад, ҳоло маълум нест.

Самандар Муродов фаъолияти варзишиашро соли 2018 оғоз кардааст. Вай дар вазни 77 кг баромад мекунад. Дар ин вазн ӯ қаҳрамони Eagle Fighting Championship (EFC), як ширкати промоутерӣ оид ба муҳорибаҳои омехта мебошад, ки соли 2020 аз ҷониби Ҳабиб Нурмагомедов таъсис ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.