Дар мусобиқаи Baku Grand Slam 2022 Темур Раҳимов медали тилло гирифт

Дар рӯзи охири мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022” – 6 ноябр паҳлавони маъруфи Тоҷикистон Темур Раҳимов ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин аввалин медали тиллои ҷудочиёни кишвар дар мусобиқоти Grand Slam мебошад. Гуфта мешавад, Темур то расидан ба финали вазни +100кг дар даври дуюм […]

Asia-Plus

Дар рӯзи охири мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022” – 6 ноябр паҳлавони маъруфи Тоҷикистон Темур Раҳимов ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин аввалин медали тиллои ҷудочиёни кишвар дар мусобиқоти Grand Slam мебошад.

Гуфта мешавад, Темур то расидан ба финали вазни +100кг дар даври дуюм (дар даври аввал озод буд) варзишгари Исроил Серафим Компаниез, дар чорякфинал намояндаи Гурҷистон Сабо Инанеишвилӣ, дар нимфинал варзишгари Финландия Марти Пумалейнинро мағлуб кард. Дар финал ҳарифи Темур Алишер Юсупови узбекистонӣ буд, ки бо як партофти зебои иппон муқобилаш пирӯз шуд.

Ии медали дуюми паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2022” мебошад. Рӯзи 4 ноябр, дар рӯзи аввали мусобиқа Мулораҷаб Халифаев дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуда буд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карданд: Муслимбек Каримов (-60кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Каюмарс Норов (-66кг), Мулораҷаб Халифаев (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Абубакр Шеров (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Эмомризо Анварзода (-100кг), Раҳматулло Мирзоев (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг).

Зикр мешавад, ки дар ҳисоби умумии даставӣ Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 нуқра миёни 61 давлати иштирокчӣ ҷои 6-умро ишғол намуд. Дар ҳисоби даставӣ миёни мардҳо бошад, пас аз Озарбойҷон дар ҷои дуюм мавқеъ гирифт.

Ногуфта намонад, ки ин шашум медали Темур Раҳимов аз мусобиқаҳои Гранд Слам мебошад. Ӯ соли 2021 дар Боку медали нуқра, дар Абузабӣ медали биринҷӣ ва соли равон дар Тел Авив, Анталия ва Абузабӣ 3 медали биринҷӣ ба даст овардааст. Темур, ҳамчунин як медали биринҷии Гран При (2019), ду медали нуқра (2019, 2022) ва як медали биринҷии (2021) Чемпионати Осиёро сазовор гардидааст.

Ба иттиоли манбаъ, “Baku Grand Slam 2022” бо иштироки 366 варзишгар (206 мард, 160 зан) аз 61 давлат 4-6 ноябр баргузор шуд.

Маблағи мукофотпулии мусобиқаи “Baku Grand Slam 2022” 154 ҳазор евроро ташкил дода, ғолибон дар ҳар як дараҷаи вазнҳо 5 ҳазор евро, зинаҳои дуюм – 3 ҳазор евро ва ҷойҳои сеюм – 1,5 ҳазор евро мегиранд.

Ҳамчунин варзишгароне, ки зинаҳои болоиро дар мусобиқа ишғол мекунанд, имтиёзҳои олимпӣ дар радабандиро соҳиб мешаванд. Зинаҳои 1-ум соҳиби 1000 имтиёз, 2-юм – 700, 3-юм – 500 ва зинаҳои аз 5 то 7-ум мутаносибан 360 ва 260 имтиёз касб мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.