Ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар ММД Тоҷикистон зиёду саноат кам мешавад

Сатҳи рушди иқтисод дар Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли равон аз 8,9% дар ҳамин давраи соли 2021 то ба 7,8% кам шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Муҳаррики асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон бахши кишоварзист, ки 25,5% (23,2% – ҳамин давраи соли гузашта) ба ҳиссаи он рост меояд. Ҳиссаи саноат баръакс […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи рушди иқтисод дар Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли равон аз 8,9% дар ҳамин давраи соли 2021 то ба 7,8% кам шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Муҳаррики асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон бахши кишоварзист, ки 25,5% (23,2% – ҳамин давраи соли гузашта) ба ҳиссаи он рост меояд. Ҳиссаи саноат баръакс 1 банди фоизӣ – аз 18,7% дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 то ба 17,7% коҳиш ёфтааст.

Дар рушди иқтисоди кишвар ҳамчунин саҳми савдо (15%), андоз (9,7%) ва сохтмон (8,5%) низ нисбатан зиёд аст.

Мувофиқи Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2016-2030, ҳукумат ният дорад, ки то оғози даҳсолаи минбаъда Тоҷикистонро ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳад. Барои ин тақвияти иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва кам кардани вобастагии иқтисоди кишвар ба бахши кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба ақидаи коршиносон, ҳиссаи саноат дар кишварҳои навъи иқтисодашон индустриалӣ-аграрӣ бояд ҳадди ақал аз се як ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил дода, бар ҳиссаи бахши кишваорзӣ афзалият дошта бошад.

Вазири рушди иқтисод ва саноати Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ҷараёни табдили Тоҷикистони аграрӣ-индустриалиро ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ мусбат арзёбӣ мекунад.

“Тайи солҳои ахир тамоили афзоиши ҳиссаи саноат дар сохтори ММД-и ҷумҳурӣ ба назар мерасад”, – гуфт вазир ба “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 ҳиссаи саноат дар сохтори ММД 18,2%-ро ташкил дода, тибқи ҳисоби Вазорати рушди иқтисод ва савдо, то соли 2025 ин нишондиҳанда ба 26% ва то соли 2030 – ба 30% мерасад.

Ин пешгӯии хушбинонаро вазир ба эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун панҷсолаи рушди саноат асоснок мекунад.

Вазир таъкид дошт, ки дар доираи ин панҷсола барои расидан ба ҳадафҳои ҳукумат талошҳо сурат гирифта, лозим меояд, ки дар робита бо бахши хусусӣ корҳоро ба роҳ монд.

“Тамоил нишон медиҳад, ки мо муваффақона ба ҳадафҳои гузоштаи ҳукумат хоҳем расид”, – илова намуд Завқизода.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли гузашта саноатикунонӣ (индустриализатсия)-и иқтисоди Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ эълон шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.