Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи Муъмин Қаноат дар Дарвоз

Date:

Дирӯз, 7-уми ноябр, дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз осорхона ва пайкараи Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон, ки бо харҷи 4 млн сомонӣ сохта шудааст, ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Манбаъ гуфтааст, дар ин маросим, Қоҳир Расулзод, сарвазири Тоҷикистон ва Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, ки маҷмааи мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба шахсияти устод Мӯъмин Қаноат сохта шудааст.

“Пайкараи шоир бо баландии 4 метр ҷойгир шуда, гирдогирди он бо санги мармари истеҳсоли корхонаҳои саноатии ноҳия оро дода шудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ҳамчунин, дар осорхона тамоми маҳсули дасти устод, асарҳои гаронбаҳо, аксу мусаввараҳои таърихӣ бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар, мукофотҳои давлативу ҷамъиятӣ, ки аз фаъолият ва эҷоди устод Мӯъмин Қаноат нақл мекунанд, ҷой дода шудаанд.

Қоҳир Расулзода ва ҳайати расмиро ҳунармандони ноҳия бо композитсияи адабӣ, ки аз эҷоди эҷодиёти Муъмин Қаноат гулчин шудаст, пешвоз гирифтаанд.

Зимни боздид аз осорхона Қоҳир Расулзода ба сохтмони он баҳои баланд дода, онро намунаи олии сиёсати маърифатпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон унвон карда, чун нишони эҳтиром дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузоштааст.

Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи устод Муъмин Қаноат дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон, қуллаи Маяковский дар ВМКБ расман ба номи Муъмин Қаноат гузошта буданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон ва аз бунёдгузорони шеъри нав ва аз сардамдорони шеъри миллӣ дар адабиёти шӯравии тоҷик аст, ки соли 2018 дар сини 86-солагӣ даргузашт

Муъмин Қаноат солҳои зиёде дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ба унвони муовини раис дар замони Мирзо Турсунзода ва ба сифати раиси ин ниҳод пас аз марги Устод Турсунзода то поёни Шӯравӣ кор мекард. Ӯ дар поёни умри Шӯравӣ вакили маҷлиси ИҶШС буд.

Маҷмӯаҳои ашъори Муъмин Қаноат –«Шарора», «Ситораҳои замин», достонҳои «Мавҷҳои Днепр» (ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ), «Оташ» (бунёди нерӯгоҳи барқи обии Норак), «Суруши Сталинград» (корномаи қаҳрамонони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ), «Тоҷикистон – исми ман» (даъват ба бедории миллӣ), «Гаҳвораи Сино», «Ситораи Исмат», «Масъуднома» дурдонаҳои адабиётанд.

Ашъори Муъмин Қаноат яке аз пурнашртарин дар паҳнои Шуравии собиқ дониста мешавад. Намунаи осори ӯ борҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испанӣ, муғулӣ ва забонҳои дигар нашр шуда ва ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои бузургтарин адибони дунё ба тоҷикӣ саҳм гузоштааст.

Муъмин Қаноат узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравиву Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...