Ҳаракати нақлиёт дар ҳамаи роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барқарор шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барқарор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, ҳамаи роҳҳое, ки бар асари барфрезии шадиду фаромадани сел ва сангреза муваққатан баста шуда буданд, айни замон бозанд. Ин ба роҳи Душанбе – Хоруғ ва Душанбе Хуҷанд низ дахл дорад, ки дар онҳо […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барқарор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи роҳҳое, ки бар асари барфрезии шадиду фаромадани сел ва сангреза муваққатан баста шуда буданд, айни замон бозанд. Ин ба роҳи Душанбе – Хоруғ ва Душанбе Хуҷанд низ дахл дорад, ки дар онҳо оқибатҳои офати табиӣ саривақт бартараф карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад, ки ҳаракат дар роҳҳо ҳоло ҳам хатарнок буда, аз эҳтиёт мебояд кор гирифт.

Кумита бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки рӯзи 9-уми ноябр бар асари идомаи боронҳои шадид дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани селҳо ва резиши санг боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин эҳтимоли болоравии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу ва рӯдхонаҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

Кумита аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дархост кардааст, ки аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ карда, ҳамаи қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.