Русия барои донишҷӯён аз Тоҷикистон зиёда аз 900 квота ҷудо мекунад

Зимни кори ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия дар Душанбе зикр шуд, ки дар соли хониши 2023/2024 шумори квотаҳо ба ҷавонон аз Тоҷикистон барои таҳсил дар макотиби олии Русия  902 ададро ташкил медиҳад. Тавре ки Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия хабар медиҳад, ҷонибҳо корҳои таъмини қабули шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар соли […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Зимни кори ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия дар Душанбе зикр шуд, ки дар соли хониши 2023/2024 шумори квотаҳо ба ҷавонон аз Тоҷикистон барои таҳсил дар макотиби олии Русия  902 ададро ташкил медиҳад.

Тавре ки Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия хабар медиҳад, ҷонибҳо корҳои таъмини қабули шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар соли хониши 2022/2023 дар макотиби олии Русияро дар ҳадди квотаҳои муқаррарнамудаи ҳукумати Русия мусбат арзёбӣ намудаанд.

Зикр шуд, ки имсол ҳукумати Русия барои довталабон аз Тоҷикистон 750 квота ҷудо карда буд. Дар муқоиса бо соли хониши гузашта шумори квотаҳо 105 адад зиёд шуд.

“Ихтисос ва самтҳои писандидаи омодагӣ барои донишҷӯёни тоҷик иқтисод, муносибатҳои байнулмилалӣ, муҳандисии барномавӣ, кори муолиҷавӣ ва менеҷмент мебошанд”, – иттилоъ медиҳад ин ниҳод.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа инчунин ба масоили муҳоҷират таваҷҷуҳ зоҳир шуда, муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук изҳор доштааст, ки айни замон корҳо рӯйи таҳияи “замимаи мобилӣ” ҷиҳати кумак ба муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи кор, иҷрои ҳама расмиёти зарурӣ, дастрасӣ ба хидматрасониҳои давлатӣ ҷараён дорад.

“Ҳамчунин роҳандозии як сервисе дар назар аст, ки тариқи онлайн ба дарёфти маълумоти муътамад дар бораи маҳдудиятҳо ба вуруди шаҳрвандон имкон медиҳад”, – гуфтааст Алексей Оверчук.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст