Имрӯз, 10-уми ноябр, тарҷумон ва публитсисти шинохта, шодравон Ҷонибек Қувноқов таваллуд шудааст. Насли калонсоли тоҷикистониён аз ин адиби тоҷик, ки дар давлати ҳамсояи Ӯзбекистон таваллуд шудаву тамоми умр ба тарғиби забону фарҳанги тоҷикӣ заҳмат кашидааст, шинохти хуб доранд, аммо мутаассифона, насли имрӯз Ҷонибек Қувноқовро намешиносад. Ҳамине, ки бо дермонӣ аз зодрӯзи ин адиб ёд шудаву мавод нашр мегардад, далели зарурати муаррифии бештари ин ходими фарҳанги тоҷикӣ аст.
Бо ташаккур аз Қироншоҳ Шарифзода, журналист ва устоди журналистика дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, матлаби “Сафири фарҳанги мо”-ро аз китоби “Дар ҷустуҷӯйи шахсият”-и ӯ бо каме ихтисор бознашр хоҳем кард.
“Сафири фарҳанги мо” – адиб, тарҷумон ва публитсисти шинохта, шодравон Ҷонибек Қувноқовро ёрону дӯстонаш чунин сифат мекарданд.
Забон намегардад, ки Ҷонибекро дар замони гузашта тасвир кунем, ҳарчанд қариб понздаҳ сол боз бо мо несту бе мост. Дил хун мехурад агар ёд биёрем, ки Ҷонибек дар остонаи панҷоҳи умр, дар авҷи камоли ҷавонмардӣ аз ин дунё рафт. Лек чӣ илоҷ, агар зиндагӣ чунин асту сарнавишт чунон…
Ҷонибеки Қувноқ ҳамчун шоири зулисонайн ба мухлисони адабиёти солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми қарни гузашта симои шинохтаву ошно аст. Вале, шояд на ҳама медонанд, ки ӯ дар баробари адиб, тарҷумон ва публитсисти шинохта ба ҳисоб рафтан, як чеҳраи барҷастаи тарғибгари адабиёту фарҳанги тоҷик, ҳомию пуштибони забону маорифи миллӣ дар Ӯзбекистони ҳамсоя низ буд.
Дафтари кори Ҷонибек дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» – баъдтар «Овози тоҷик» ва хонааш дар маркази шаҳри Тошканд, ҳамеша аз тоҷикону тоҷикистониён, бахусус аз аҳли адабу фарҳанг, канда намешуд. Он солҳо ҳарчанд Ӯзбекистону Тоҷикистон аъзои як оилаи Шӯравӣ буданд ва таъсисёбиву амали сафоратхона ё консулгарӣ ҳоҷат надошт, дӯстону ҳамкасбони тоҷикистониаш аз рӯи меҳру муҳаббат дафтари кори Ҷонибекро «консулгарӣ» ва хонаашро «сафорати фарҳангӣ» меномиданд.
Ҷонибек 10 ноябри соли 1941 дар деҳаи Порашт, воқеъ дар бағали қаторкӯҳҳои Нуратои ноҳияи Фориш ба дунё омад. Баъдтар дар яке аз шеърҳояш ба ин ишора намуда буд:
Форишиям-дар мағзи кӯҳ
Кӯю дари аҷдоди ман.
Аз чашмаву кӯҳи баланд
Чор унсури бунёди ман.
Айёми тифлиаш бе навозишҳои падари ба ҷанги Гермон рафта сипарӣ шуда, бачагиаш бо подачаррониву ҳезумкашиву хӯшачиниҳо гузашт. Вале панди падари аз ҷанг сарбаланд баргаштаву умри носер дида ва ҳидояти модари мунису мушфиқи ҷои падар гирифта ӯро обутоб дод, бармаҳал тамкину солорӣ, зиндагиошноӣ омӯхт. Пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи зодгоҳ ва таълимгоҳи миёнаи ҳамсоядеҳа, «бачаи қишлоқӣ» озими шаҳрҳову мулкҳои азим гардид. Соли 1964 факултети таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) – ро хатм намуд. Бо роҳхати Донишкада соле дар мактаби миёнаи рақами 11-и ноҳияи Панҷакент муаллим буд, то аз он ҷо ба хизмати ҳарбӣ рафт. Пас аз адои қарзи аскарӣ, дар мактаби зодгоҳаш муаллим шуд. Дере нагузашта, баҳори соли 1966, Ҷонибекро, ки то ин вақт мухбири фаъоли нашрияи тоҷикии «Ҳақиқати Ӯзбекистон» буд, ба Тошканд, ба идораи рӯзнома ба кор даъват намуданд.
Дар таҷрибаи кори матбуот чунин ҳолатҳое рӯй додаанд, ки аз як маводи ҷолиб ба ҳунари нигоранда, ба ҷуръат ва фарохии диду назари ӯ баҳо медиҳанд. Бо Ҷонибек – муалллими ҷавон, мухбири ҷамъиятии «Ҳақиқати Ӯзбекистон», маҳз чунин иттифоқ афтод. Мақолаи «А, Б, Т- маорифҷон пула те» аз навиштаҳои Ҷонибек дар бораи проблемаҳои мактаби деҳа буд, ки баъди чопи он таваҷҷӯҳи мақомоти ҳукуматӣ на танҳо ба мактаби танқидшуда, балки ба тамоми таълимгоҳҳои тоҷикии ноҳияи Фориш тағйир ёфт.
Фаъолияти меҳнатии минбаъда ва зисту зиндагии Ҷонибек минбаъд бо «Ҳақиқати Ӯзбекистон», бо шаҳри Тошканд ва муҳити рӯзгори тоҷикони Ӯзбекистон, бо вазъи равобити адабию фарҳангӣ бо Тоҷикистон пайванд гардид. Мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти мактабу маорифи тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, ривоҷ додани робитаю ҳамкориҳои адабию фарҳангӣ миёни ду ҷумҳурии ҳамсоя, мазмуну моҳияти фаъолияти чорякасраи ӯро дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ташкил дод.
Ҷонибек дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ташнашикани муштоқони адабиёти муосири тоҷик дар кишвари ҳамсоя буд. Бо ташаббус ва муаррифии ӯ шеърҳои наву пораҳои насрии шоирону адибони тоҷик мунтазам пешкаши рӯзномахонони ӯзбекистонӣ мегардиданд.
Ҷонибек чун адибу рӯзноманигор, тарғибгари фарҳангу адабиёт, пайвандгари дӯстиву ҳамкориҳои халқҳои ҳамсоя буд, вале бародариро бар асоси баробарӣ авло дониста, тадбир меҷусту меёфт.
Дар яке аз сафарномаҳояш аз Тоҷикистон, батафсил нигошта буд: чӣ хуб, ки асарҳои адибони ӯзбекзабони Тоҷикистон бо забони модариашон дар нашриётҳои шаҳри Душанбе, бо теъдоди зиёд ба табъ мерасанду чаро дар Тошканд осори адибони тоҷикзабони Ӯзбекистонро ҳатто дар шакли маҷмӯае чоп кардан амри маҳол бошад?
Ва аз тариқи рӯзнома, аз минбарҳои толорҳову паси мизи курсинишинони Тошканд ин ва дигар масъалаҳои мактабу маорифи тоҷикони Ӯзбекистонро бо далелу рақамҳо, бо эҳтиросу ботамкин, такрор ба такрор менавишту мегуфт. Ниҳоят, дар ҳузури Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Шӯрои дабиёти тоҷик таъсис шуд, дар Тошканд гоҳ-гоҳ, дар Самарқанд бештар, китобҳои тоҷикӣ ба табъ мерасидагӣ шуданд. Охири соли 1988 аз Телевизиони Ӯзбекистон бори аввал барномаи тоҷикӣ дар мавҷи ҳаво паҳн гардид. Ҷонибек дар ҳамаи ин раис, муаллиф, муттасаддӣ, баранда, муҳаррири аввалин буд. Ӯ бар замми хизмати идораи рӯзнома, эҷоди шеъру тарҷума, ба чунин кору такудавҳои созмондиҳӣ фурсату қудрат ҳам меёфт. Зеро хизмат ба миллат, ба қавли худаш шиори зиндагиаш буд:
Ман ҳадшинос, аммо нокас чу садди раҳ шуд,
Талқони по шавад ҳад, бо ин нишон шиносед!
Ман-бехсӯзи зиллат, ман решасӯзи иллат,
Як ҷонфидои миллат, бо ин нишон шиносед!
Ҷонибек адиби хушкору пурмаҳсул буд. Бар иловаи даҳҳо асарҳои назмию насрии тарҷумакардаи ӯ, маҷмӯаҳои шеърҳояш-«Қарз» (1973), «Арзи дил» (1977), «Ифтихор» (1982), «Розҳо» (1987), «Зангӯла» (1991), дар нашриётҳои Тоҷикистон ба табъ расиданд.
Рӯзи ҷанозаи Ҷонибек дар зодгоҳаш, ҳангоми аз сари хок (қабристон) бармегаштем, устод Лоиқ оҳе дар лаб, сӯи қабри ҳанӯз намноки Ҷонибек нигариста, ба мо-ҳамсафарон – Гулназар, Саидалии Маъмур, Инояти Насриддин, Давлати Даврону банда, шунавонида гуфта буданд: «Ба ҷанозаат расидем, эй дӯст, ба зиёратат мерасида бошем?» имрӯз пас аз понздаҳ соли даргузашти Ҷонибек, дӯсти ӯ Лоиқи замон низ байни мо нест ва он ифодаи ӯ ҷавоб меҷӯяд. Шояд чунин:
«Ба ҳикматат расидем эй дӯст, ба ҳақиқатат мерасида бошем?».
Ҷонибек бо иллати сактаи дил, субҳи 6 ноябри соли 1990, дар хонааш ин дунёро тарк гуфт, дар қабристони зодгоҳаш – деҳаи Порашт манзили абадӣ пайдо намуд. Мактаби деҳа, ҷавлонгаҳи Ҷонибеки Қувноқ, номи ин шоир, мутарҷим, публитсист, «сафири фарҳанг»-ро ба худ гирифт.
Маҷмӯаи шеърҳои то ба охир мураттабнасохтаи ӯ бо унвони «Саховат», пас аз маргаш бо мураттибии завҷаи ҷоннисораш Кимиёбону, бо пешгуфтори устод Лоиқ, бо такудаву кӯшишҳои Саидалии Маъмур, Давлати Даврон, Фарҳоди Карим ва дигар дӯстонаш, соли 1998 тавассути нашриёти «Адиб» ба чоп расид. Ин китоб ба қавли устоди равоншод Лоиқ «як кӯлаборест аз дӯши марди сафар дар роҳ уфтода ва агар ҳар роҳгузаре сари вақт ба он бархӯрд кунад, порае тӯшаи маънавӣ ва рӯҳонӣ хоҳад ёфт, тӯшае ки рангу бӯи лаҳазоти талху ширини умри кӯтоҳбақои шоирро дорад».
Рӯзҳои мотамдорӣ Кимиёбону–янга, ҳамсари мушфиқи Ҷонибек, лаҳзаҳои вопасини зиндагии шоирро ба ёд оварда нақл кард, ки Ҷонибек субҳидам бо Самарқанд, бо касе аз боби обуна ба рӯзнома телефонӣ сӯҳбат дошт. Гӯшаки телефонро монду болои кат гузашт, пиёлаи чойро рӯи дастурхон монду як табассум карда, ба паҳлӯ ғалтид.
Чӣ асроре дошт, табассуми пеш аз марг? Дарвоқеъ, худи Ҷонибек навишта буд:
Аҷаб не, дар сари роҳе бимирам,
Сари чоҳе, таҳи чоҳе бимирам.
Мурам гар ханда бар лаб, кош, сад кош,
Мабодо дар гулӯ оҳе бимирам.
Марги Ҷонибек ба мисли гуфтору рафтораш, ба мисли ашъору осораш зебо буд.


