Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш 84% иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 84% иҷро шудааст. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба "Азия-Плюс" хабар дод. Зикр шуд, ки то имрӯз тақрибан 30 шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро иҷро кардаанд. Аз рӯи шумораи даъватшудагон, ки аллакай ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд, шаҳри Душанбе дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 84% иҷро шудааст. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Зикр шуд, ки то имрӯз тақрибан 30 шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро иҷро кардаанд.

Аз рӯи шумораи даъватшудагон, ки аллакай ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд, шаҳри Душанбе дар ҷои аввал аст – нақша 98 фоиз иҷро шудааст.

Дар вилояти Суғд ин нишондод 72 фоиз, дар вилояти Хатлон – 81 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 94 фоизро ташкил медиҳад.

“Комиссариати ҳарбии ВМКБ дар рӯзҳои аввали маърака аз иҷрои нақшаи даъват хабар дода буд”, – изҳор дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Дар ин давра ҷавонони соли таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.