Бонки байналмилалии Тоҷикистон масъалаи хариди ташкилоти фаръии Halyk Bank-ро шарҳ дод

Дар сомонаи “Азия-Плюс” рӯзи 18 ноябр дар бораи ин муомилоти хариду фурӯш маълумот дода шуд. Роҳбари ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” Раҷабов Искандар Ҳабибуллоевич ин масъаларо тарики зайл шарҳ дод: – Ба охир расидани муомилоти харид бо ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба фаъолияти амалиётии “Халиқ бонк Тоҷикистон” (ХБТ) чӣ гуна таъсир мерасонад?. Дар мавриди хидматрасонӣ ба […]

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Дар сомонаи “Азия-Плюс” рӯзи 18 ноябр дар бораи ин муомилоти хариду фурӯш маълумот дода шуд. Роҳбари ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” Раҷабов Искандар Ҳабибуллоевич ин масъаларо тарики зайл шарҳ дод:

– Ба охир расидани муомилоти харид бо ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба фаъолияти амалиётии “Халиқ бонк Тоҷикистон” (ХБТ) чӣ гуна таъсир мерасонад?. Дар мавриди хидматрасонӣ ба мизоҷон ва амонатҳо кадом тағйирот дар назар аст?

– Бо анҷоми муомилоти хариду фурӯш бонк ба хидматрасонии мизоҷон тибқи ҳамаи уҳдадориҳои ХБТ идома дода, айни замон ҳеҷ гуна тағйироти назаррас ба нақша гирифта нашудааст.

– Дар мавриди рушди “Халиқ бонк Тоҷикистон” ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” чӣ нақшаҳо дорад?

– Дар ҷараёни имзои муомилот Бонки байналмилалии Тоҷикистон пешакӣ баъзе масоили рушди минбаъдаро баррасӣ намуд. Зимни гуфтугӯ дар бораи сармоягузорӣ, тавсеъаи шабакаи филиалҳо, зиёд кардани ҷойҳои корӣ, рақамикунонии амалиёти бонкӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти бонкӣ изҳори назар кардем.

– Дар сохтори тадорукотӣ (ташкилӣ)-и ХБТ тағйирот мешавад? Ҷойҳои корӣ нигоҳ дошта мешаванд?

– Дар сохтори тадорукотӣ ҳоло тағйирот дар назар нест, лекин тадриҷан зимни зарурат шояд сохтор беҳтар карда шавад. Дар мавриди ҳайати шахсӣ бошад, айни замон кормандон ихтисор намешаванд.

– Амалиёт бо хазина / шуъбаҳои бонк чӣ гуна мешавад? Онҳо ба кори худ бидуни тағйирот дар реҷаи муқаррарӣ идома медиҳанд ё тағйирот ҷорӣ мешавад?

– Бонк бо реҷаи муқаррарӣ ба фаъолият идома дода, инчунин сармоягузориҳои нав, тавсеъаи шабакаи филиалҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки хабар дар бораи фурӯши 100% саҳмияҳои ҶСП “Халиқ бонк Тоҷикистон”чанде пеш дар сомонаи филиали бонк дар Тоҷикистон нашр шуд.

Зикр гардида буд, ки ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” (ББТ) ҳамаи расмиёти маъқул шумориданро аз Бонки миллӣ гирифт. Муомилот моҳи декабри соли 2022 ба анҷом мерасад.

Дар ҷараёни муомилот ва ҳатто ба охир расидани ҳамаи расмиёти зарурии гузариш, Бонк бо реҷаи муқаррарӣ кор карда, мувофиқи шартҳои созишномаи пешина ҳамаи навъҳои хидматрасонии бонкиро пешниҳод хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.