Ҳалокати модару духтар. Заҳролудшавии 8 узви хонадон баъди хӯрдани “икра” дар Ҷаббор Расулов

Date:

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонадон аз хуриши “икра” заҳролуд шуда, бо гузашти 10 рӯз ду  аъзои оила фавтидаанд. Дар ин бора Абдуғаффор Темуров, муовини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Номбурда гуфт, ки ҳодиса рӯзи 11-уми ноябри соли равон дар оилаи Каримовҳо, сокинони шаҳраки Меҳрободи ноҳия рух дода, ҳамаи онҳо баъди истеъмоли хуриши “икра” (салати хонагӣ)  заҳролуд шуданд.

“Худи ҳамон шаб онҳо ба духтури оилавӣ муроҷиат карда, табобати қатрагӣ (капель) гирифтаанд. Аммо баъди ду рӯзи натиҷаи дилхох надодани табобат, ба духтурони беморхонаи марказӣ муроҷиат кардаанд”, – гуфт Абдуғаффор Темуров.

Ӯ афзуд, заҳролудшудагонро тақрибан соати 19:00 рӯзи 13-уми ноябр тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба беморхона оварданд ва ҳолати ду нафари онҳо – модар ва духтар вазнин буд.

“Баъди ташхис маълум шуд, ки Умринисо Каримоваи 58-сола ва духтараш Муҳаррам Каримоваи 31-сола бештар сироят ёфтаанд. Баъди 10 рӯзи муолиҷа, онҳо дирӯз, 24 –уми ноябр, вафот карданд”,  – гуфт Абдуғаффор Темуров.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Айни замон, ду аъзои дигари хонадон баъди беҳтар шудани саломатиашон аз беморхона мураххас гардида, як нафар дар шӯъбаи эҳё ва се нафари дигар ба шӯъбаи табобатӣ бистарӣ мебошанд.

Тутинисо Каримова, яке аз ҷабрдидагони ҳодиса, ки дар беморхона бистарӣ аст, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо "икра"-ро дар шароити хона тобистон тайёр карда буданд ва он зоҳиран хуб буд.

“Баъди хӯрдани “икра” аввали шаб сарам чарх зада, дилам беҷо ва қайкунӣ сар шуд. Ба духтур муроҷиат карда “капел” гирифтам. Аммо ҳолатам торафт вазнин шуд. Баъдан, аҳамият додам, ки на танҳо ман, ҳама аҳли оила ҳолашон вазнин аст. Билохира, рӯзи 13-уми ноябр ба мошини Ёрии таъҷилӣ занг задам”, – нақл кард ҷараёни ҳодисаро Тутинисо Каримов. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тутинисо Каримова

Ҳодисаи саҳролудшавӣ аз маҳсулоти дар шароити хонаомодашуда дар Тоҷикистон зиёд ба чашм мерасад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2021 дар ноҳияи Темурмалик дар натиҷаи истеъмоли консерва 18 узви як хонавода заҳролуд шуда, 4 нафарашон ба ҳалокат расида буданд. 

Ҳамчунин, моҳи августи соли равон бар асари бемории стафилококк доштани 4 нафар ошпази қаҳвахонаи “Одилон” дар маркази шаҳри Исфара 22 нафар заҳролуд шуда буданд. Бактерия дар хӯриш бо иловаи майонез ошкор шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...