“Берун як намуд хунук аст, ки…”Блогер ва муаллифи наворҳои баҳсбарангезро ҳабси маъмурӣ карданд

Фотима Амирхонова, духтари 18-сола аз шаҳри Бӯстон, ки бо пахши наворҳои баҳсбарангез дар саҳифаи Instagram маъруф буд, бинобар истифодаи ибораҳои таҳқиромез ва хусусияти шаҳвонидошта ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД хабар медиҳад. Ӯ муаллифи ибораи “берун як намуд хунук аст, ки…” буд ва дар чанд муддати ахир […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Фотима Амирхонова, духтари 18-сола аз шаҳри Бӯстон, ки бо пахши наворҳои баҳсбарангез дар саҳифаи Instagram маъруф буд, бинобар истифодаи ибораҳои таҳқиромез ва хусусияти шаҳвонидошта ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Ӯ муаллифи ибораи “берун як намуд хунук аст, ки…” буд ва дар чанд муддати ахир дар “История” ва “Рилс”-ҳои Instagram ва Facebook давр мезад.

ВКД бо боздошти ин духтар навиштааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ блогероне пайдо шудаанд, ки бо мақсади ҳарчи зиёд кардани обуначиён худ наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва ё истифодаи суханҳои қабеҳи хусусияти ғайриинсонӣ, ки ба урфу одати мардуми тоҷик тамоман бегона аст, ба навор гирифта, тавассути саҳифаҳои худ дар фазои иттилоотӣ паҳн менамоянд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон, ба вижа аз блогерон хоҳиш кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз истифодаи ибораҳои таҳқиромез худдорӣ намоянд.

Гуфтан лозим аст, ки чанд рӯз пеш аз боздошт Фотима Амирхонова дар як суҳбати худ бо блогери дигари  тоҷик изҳолр намуда буд, ки “бо кори баде машғул нест”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.