Федератсияи байналмилалӣ ҷудокори тоҷикро, ки 100 ҳазор сомонӣ гирифта буд, ҷазо дод

Федератсияи байналмилалии ҷудо Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидов, ду ҷудокори шинохтаи тоҷикро барои қайди нодурусти шаҳрвандӣ дар системаи ин федератсия, муҷозот ва тамоми холҳои бадастовардаи онҳоро бекор кардааст. Аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилои мазкурро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дар робита ба ин масъала аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо мактуби расмӣ дарёфт карданд ва ҳоло […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Федератсияи байналмилалии ҷудо Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидов, ду ҷудокори шинохтаи тоҷикро барои қайди нодурусти шаҳрвандӣ дар системаи ин федератсия, муҷозот ва тамоми холҳои бадастовардаи онҳоро бекор кардааст.

Аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилои мазкурро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дар робита ба ин масъала аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо мактуби расмӣ дарёфт карданд ва ҳоло дар пайи бартараф кардани он ҳастанд.

Манбаъи мо аз ин федератсия гуфт, ин ҷазо барои қайди душаҳрвандӣ дар системаи Федератсияи байналмилалии ҷудо ба Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидов дода шудааст.

“Муллораҷаб Халифаев, ки як муддат аз номи Русия баромад мекард, дар системаи Федератсияи байналмилалии ҷудо худро аз номи ин кишвар сабт кардааст. Баъдан аз номи Тоҷикистон баромад кард ва баъди нигаронии Русия ин федератсия ӯро муҷозот намуд”, – гуфтанд аз  Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Аз ин ниҳод афзуданд, ки Ҷаҳонгир Маҷидов, низ бо чунин сабаб муҷозот гардид:

“Ӯ, ки чанд вақт аз номи Озорбойҷон баромад мекард, дар система аз номи ин кишвар қайд шудааст. Вале баъдан аз номи Тоҷикистон баромад кард ва ҳамин тариқ, дар система номаълум монд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Манбаъи мо афзуд, инҷо танҳо хатои техникӣ дар системаи қайди Федератсияи байналмилалии ҷудо аст ва онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ин масъаларо дар наздиктарин фурсат ҳал кунанд.

Бояд гуфт, ки чанде пештар Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Муллораҷаб Халифаев барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи Тоскулоҳи бузурги “Baku Grand Slam 2022” 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда буд.

Халифаев Муллораҷаб мувофиқи радабандии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар зинаи 10-ум ҷой дорад. Мувофиқи радабандии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҷидов дар зинаи 4-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар маҷмӯъ 172 кишвар намояндагӣ мекунанд ва  Тоҷикистон дар раддабандии дар ҷои 41-ум қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.