Таркиш дар мадрасаи Самангони Афғонистон. Расонаҳо аз кушта шудани 35 нафар донишомӯз хабар медиҳанд

Date:

Имрӯз, 30-юми ноябр, дар мадрасаи “Ал-Ҷиҳодӣ”-и Самангон, дар шимоли Афғонистон таркиши шадид рух дод. Расонаҳои Афғонистон то ба ҳол аз марги 35 ва захмӣ гаштани 23 нафар иттилоъ медиҳанд.

Ин инфиҷор вақти намози аср дар мадрасаи динии “Ал-Ҷиҳодӣ” рух дода, Абдулнафӣ Такур, сухангӯи вазорати умури дохилии Толибон* онро таъйид кардааст. Ӯ ба хабаргузории “Afghanistan International” гуфтааст, бар асари таркиш дар мактаби динии шаҳри Айбак дар Самангон дастикам 10 нафар кушта шудаанд.

Ба иттилои  “8-и Субҳ”, дар натиҷаи ин таркиш 35 нафар кушта ва 23 нафари дигар захмӣ шудаанд.

“Ба гуфтаи беморхонаи Айбак, ки захмиён ва ҷасади кушташудагон ба онҷо оварда мешаванд, аксари онҳо шогирдони мадраса мебошанд”, – менависад хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, пизишки бемористони музофотӣ ба хабаргузории “TOLOnews” гуфтааст, ки дастикам 15 кушта ва 27 захмӣ дар бемористон ҳастанд.

Расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки намояндагони Толибон пас аз таркиш мадрасаро муҳосира кардаанд ва иҷоза намедиҳанд, дар маҳалли таркиш аксу навор бигиранд.

Ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои террористие, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, то ба ҳол масъулияти таркиш дар мадрасаро бар ӯҳда нагирифтааст.

Бояд гуфт, ки баъди ба даст овардани қудрат аз ҷониби Толибон дар Афғонистон, дар қаламрави ин кишвар пайваста ҳамлаҳои террористӣ сурат мегиранд. То ин дам ДОИШ-и Хуросон*, як шохаи афғонистонии созмони мамнӯи террористии “Давлати исломӣ дар Ироқу Шом”*, масъулияти аксари ҳамалоти террористӣ дар ин кишварро бар ӯҳда гирифтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...