“Толибон дар таъмини амният нокоманд”. Вокуниш Афви байналмилал ба таркиши Саманагон

Созмони Афви байналмилал дар вокуниш ба таркиш дар як мадрасаи динӣ дар Саманагон, ки дирӯз, 30-уми ноябр рух дод, гуфтааст, ки Толибон* дар таъмини амният мутлақ нокоманд. Дар ин бора хабаргузории “aamajnews” хабар медиҳад. Афви байналмилал гуфтааст, “ин рӯйдод нишондиҳандаи нокомии мутлақи Толибон дар иттихози ҳар гуна тадобири мушаххас барои ҳифозат аз мардум, ба вижа […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Созмони Афви байналмилал дар вокуниш ба таркиш дар як мадрасаи динӣ дар Саманагон, ки дирӯз, 30-уми ноябр рух дод, гуфтааст, ки Толибон* дар таъмини амният мутлақ нокоманд. Дар ин бора хабаргузории “aamajnews” хабар медиҳад.

Афви байналмилал гуфтааст, “ин рӯйдод нишондиҳандаи нокомии мутлақи Толибон дар иттихози ҳар гуна тадобири мушаххас барои ҳифозат аз мардум, ба вижа касоне аст, ки умдатан дар мадрасаҳо, масҷидҳо, марказҳои омӯзишӣ ва маконҳои умумӣ ҳадаф қарор гирифтаанд”.

Созмони Афви байналмилал изофа кардааст, ки ин “ҳамлаи маргбор ёдоварии дигаре ба ҷаҳониён аст, ки ранҷҳои мардуми Афғонистон ҳанӯз ба поён нарасидааст”.

Ин созмони байналмилали гуфтааст, ки Афғонистон таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро металабд ва бояд талошҳои ҷиддӣ барои муҳофизат аз мардуми ин кишвар сурат гирад ва касоне, ки масъули чунин ҳамлаҳо ҳастанд, дар муҳокимаҳои одилона бо адолат рӯбарӯ шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, дар мадрасаи «Ал-Ҷиҳод»-и шаҳри Айбак, маркази вилояти Саманагони Афғонистон таркиш рух дод. Тибқи омори Толибон 10 донишомӯзи ин мадраса кушта ва шуморе ҳам захмӣ шудаанд. Расонаҳои Афғонистон аз кушта шудани 35 нафар кушта ва захмӣ гардидани 23 кас иттилоъ медиҳанд.

То кунун масъулияти ҳамла ба мадрасаи Саманагонро ҳеҷ гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.