Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин барқия изҳори тасаллӣ ирсол намуд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин дар робита ба даргузашти собиқ роҳбари ин кишвар Тсзян Тсземин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. “Ҷаноби Тсзян Тсземин бо фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни баланду муҳими давлатӣ хусусияту мӯҳтавои як давраи комили рушди Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҷассум намуда, дар дохили кишвар ва […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин дар робита ба даргузашти собиқ роҳбари ин кишвар Тсзян Тсземин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

“Ҷаноби Тсзян Тсземин бо фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни баланду муҳими давлатӣ хусусияту мӯҳтавои як давраи комили рушди Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҷассум намуда, дар дохили кишвар ва берун аз он соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд гардида буд.

Ҷониби Тоҷикистон нақши шодравонро дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи равобити дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад. Ба шарофати талошҳои пайвастаи ӯ муносибатҳои созандаи ду кишвари дӯст ҳамаҷониба густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта шуданд.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ҳамдардӣ ва таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, мардуми дӯсти  Чин ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум иброз менамоям", – гуфта мешавад дар барқия.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.