Қарзи хориҷии Тоҷикистон қариб 30 млн доллар кам шуд

Ба ҳукумати Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷиро 29,5 млн доллар кам кунад. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, то 1 октябри соли 2022 ҳаҷми умумии қарзи берунаи ҷумҳурӣ 3 млрд 214,2 млн долларро ташкил медиҳад. Дар аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 3 млрд 243,7 млн доллар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба ҳукумати Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷиро 29,5 млн доллар кам кунад. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, то 1 октябри соли 2022 ҳаҷми умумии қарзи берунаи ҷумҳурӣ 3 млрд 214,2 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 3 млрд 243,7 млн доллар баробар буд.

Дар сохтори он ҳудуди 95,5%-аш – 3 млрд 69,1 млн доллар ба “қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад”. Зери ин мафҳум қарзҳои имтиёзнок, ки аз ҷониби давлат барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҷалб мешаванд, дар назар дошта шудааст.

Қарзҳои аз ҷониби муассиса, ташкилот ва ширкатҳои ҷудогона зери кафолати давлат гирифташуда 144,7 млн долларро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин дар сохтори қарзи хориҷӣ қарзи Бонки миллии Тоҷикистон дар назди Бонки исломии рушд дар ҳаҷми 0,4 млн доллар низ ҳаст.

Қарз аз кадом ҳисоб кам шуд?

Ба камшавии ҳаҷми қарзи беруна коҳиши қарзи бевоситаи давлатӣ ба маблағи 63,3 млн доллар мусоидат намуд.

Ғайр аз ин, соли равон ба Бонки миллӣ муяссар шуд, ки қарзашро ба Хазинаи байнулмилалии асъор (11,3 млн доллар) ва Чин (2 млн доллар) пурра пардохт намуда, инчунин ҳаҷми қарзро ба Бонки исломии рушд ба маблағи 1,3 млн доллар коҳиш диҳад.

Лекин дар  баробари ин давоми сол ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ 48,4 млн доллар зиёд шуд.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содиротиву воридотии Чин аст, ки ҳаҷми қарзи ҷумҳурӣ аз он зиёда аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ($357 млн), Бонки осиёии рушд ($291 млн), Хазинаи байнулмилалии асъор ($190 млн), Бонки исломии рушд ($184 млн), инчунин аз евробондҳо ($500 млн) низ қарздор аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.