Тоҷикистон аз қатъномаи Русия оид ба “мубориза бо ситоиши миллатгароӣ” ҷонибдорӣ кард

Маҷмаи Умумии СММ бо аксарияти овоз қатъномаи Русияро таҳти унвони “Мубориза бо ситоиши миллатгароӣ, миллатгароии нав ва дигар навъҳои амал, ки ба шиддатёбии шаклҳои нави нажодпарастӣ, табъизи нажодӣ, бегонаҳаросӣ ва таҳаммалнопазирии марбут ба он” қабул кард. Мувофиқи натоиҷи раъйдиҳӣ, 120 кишвар ба ҷонибдории қатънома ва 50 давлат – мухолифи он овоз дода, кишварҳои боқимонда худдорӣ […]

Asia-Plus

Маҷмаи Умумии СММ бо аксарияти овоз қатъномаи Русияро таҳти унвони “Мубориза бо ситоиши миллатгароӣ, миллатгароии нав ва дигар навъҳои амал, ки ба шиддатёбии шаклҳои нави нажодпарастӣ, табъизи нажодӣ, бегонаҳаросӣ ва таҳаммалнопазирии марбут ба он” қабул кард.

Мувофиқи натоиҷи раъйдиҳӣ, 120 кишвар ба ҷонибдории қатънома ва 50 давлат – мухолифи он овоз дода, кишварҳои боқимонда худдорӣ карданд. Ин рӯзи панҷшанбе, 15 декабр маълум шуд.

Миёни давлатҳое, ки мухолиф овоз доданд, ИМА, Олмон, Украина, Испания, Норвегия, Шветсия, Британияи Кабир, Лаҳистон (Полша), Ҷопон, Юнон, Канада, Гурҷистон, Маҷористон (Венгрия) ва дигар кишварҳо ҳузур доранд. Аз ҷумла, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистон худдорӣ намудаанд.

Тоҷикистон байни кишварҳое қарор дорад, ки аз қабули қатънома ҷонибдорӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки барои қабули қатънома ҷонибдории аз се ду ҳиссаи иштирокчиёни раъйдиҳӣ зарур буда, зимни ҳисоб овозҳои кишварҳои худдориварзида ба инобат гирифта намешаванд.

Дар қатънома, аз ҷумла даъват мешавад, ки ҷиҳати роҳ надодан ба “бозбинии натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва инкори ҷиноятҳо алайҳи башарият ва ҷиноятҳои ҳарбӣ” тадбирҳо рӯйи кор гирифта шавад.

Муаллифони қатънома инчунин истифодаи маводи таълимиро, ки дар онҳо нажодпарастӣ, бадбинӣ ва хушунат бар асоси мансубияти этникӣ, миллат, дин ва эътиқод таблиғ мешавад, маҳкум мекунанд. Дар санад даъват мешавад, ки ҳамаи шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ (табъиз) бо ҳама гуна воситаҳои имконпазир аз байн бурда шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.