Арчаи солинавии Тоҷикистон дар 5-гонаи баландтаринҳо дар ИДМ

Портали ТурСтат радабандии баландтарин арчаҳои солинавиро дар соли равон дар пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод кард. Арчаи асосии солинавии Тоҷикистон, ки дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт гузошта шудааст, дар 10-гонаи ин радабандӣ зинаи 5-умро ишғол мекунад. Арчаи солинавии имсола 30 метр баландӣ дошта, масоҳаташ қариб 17 метрро ташкил медиҳад. Дар майдон инчунин нуқтаҳои фурӯш […]

Asia-Plus

Портали ТурСтат радабандии баландтарин арчаҳои солинавиро дар соли равон дар пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод кард.

Арчаи асосии солинавии Тоҷикистон, ки дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт гузошта шудааст, дар 10-гонаи ин радабандӣ зинаи 5-умро ишғол мекунад.

Арчаи солинавии имсола 30 метр баландӣ дошта, масоҳаташ қариб 17 метрро ташкил медиҳад. Дар майдон инчунин нуқтаҳои фурӯш боз шудааст, ки аз онҳо метавон хӯроку нӯшокӣ ва туҳфаҳои солинавӣ харид.

https://www.youtube.com/watch?v=xuCoqQRoFU8

Ба 5-гонаи аввали радабандӣ арчаҳои солинавии Ашқобод (37 метр), Тошканд (35 метр) ва Боку (34 метр) шомиланд.

Арчаи асосии солинавии Туркманистон, ки дар радабандӣ зинаи 1-умро ишғол мекунад, рӯзи 15 декабр дар маркази фарҳангӣ-фароғатии “Олам” (Алем) дар Ашқобод гузошта шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=YZc558wI1f8

Арчаи солинавии Арманистон дар майдони Ҷумҳурӣ дар Ереван қомат афрохт. Чароғакҳои он рӯзи 5 декабр зимни Маросими ифтитоҳи Junior Eurovision Song Contest 2022 фурӯзон шуданд.

Арчаи асосии солинавии Ӯзбекистон дар маҷмааи “Истиқлол” дар боғи “Янги Ӯзбекистон” дар шаҳри Тошканд гузошта шудааст.

Арчаи солинавии Русия бо баландии 27 метр дар майдони Соборнаяи Кремл дар шаҳри Маскав қомат афрохт.

https://www.youtube.com/watch?v=fvpZVvJGBvo

Қобили зикр аст, ки радабандӣ аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти арчаҳои солинавии кишварҳои узви ИДМ тартиб дода шудааст.

Арчаҳои солинавии Беларус – Минск (27 метр), Қазоқистон – Остона (25 метр), Қирғизистон – Бишкек (25 метр) ва Молдова – Кишинёв (20 метр) низ ба 10-гонаи радабандӣ дохил шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.