“Месароям то сабук гардад аламҳои дилам”. Ҷӯрабек Муродов дар ҷашни 80-солагӣ чӣ гуфт ва чӣ суруд?

Date:

Ҷӯрабек Муродов, хунёгари маъруфи тоҷик 23-юми декабр дар консерти 80-солагиаш бо суруди "Боз омадам, боз омадам, ҳозо ҷунун-ал-ошиқин" рӯи саҳна баромад. Боз омадани ӯ бо ин суруди Мавлонои Балх рамзӣ буд, худашро низ ҳаяҷон фаро гирифта ва мухлисонаш ҳам ташнаи оҳангу навои ҳунарманд гашта буданд.

Шоми ҷумъаи 23-юми декабр саҳни "Кохи Суруш" дар Душанбе моломоли одам буд, барои ҳарчи зудтар ба толор ворид шудан, мухлисонро шӯру ҳаяҷон пеш меомад. Толори ин кох пур аз одам буд, дар ошёнаи 2-юм ҷои тиҳӣ намонда ва нафарони зиёди рост истода ҳам кам набуданд.

Дар баробари мӯйсафедони солманд, ҷавонон низ дар ин барномаи консертӣ ҳузур доштанд. Инчунин, 50 нафар нобиноён дар ин шаби эҷодии Ҷӯрабек Муродов ширкат меварзиданд. Ба гуфтаи Ҷӯрабек Муродов, “ин 50 нафар бо чашми дил тамошобини консерт буданд”.

Барномаи консертии Ҷӯрабек Муродов таҳти унвони "60-умин шаби эҷодӣ" бо навои мусиқӣ оғоз ёфт ва пас аз он Содиқҷон Нуруллоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон бо суруди “Бонги ҷашни Ҷӯрабек ояд ҳаме" шаби эҷодиро шурӯъ кард.

Ҳамин тавр, Файзалӣ Ҳасанов ва Нобовар Чаноров низ қабл аз оғози шаби эҷодӣ як сурудӣ хонданд.

Ҷӯрабек Муродов бо суруди "Боз омадам, боз омадам, ҳозо ҷунун-ал-ошиқин" аз Мавлоно Балхӣ ба рӯи саҳна омад. Ҳама нишастагон ба пешвози ҳунарвари хушном аз ҷой бархестанд ва бо кафкӯбии пурмавҷ истиқболаш гирифтанд. То поёни ин суруди Ҷӯрабек Муродов пиру ҷавони толор рост каф мекӯфтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз анҷоми суруд ҳунарманд гуфт, “шумо 60 сол бо ман будед, маро шунидед, аз ман гуфтед, ба ин мақом расонидед, ман ҳам дар 80-солагӣ шуморо дар хиҷолат нагузошта, то тавонистанам, меҳнат карда истодаам, ки суруду навои нав ба шумо азизонам расонам”.

Бояд гуфт, ҷашни 80-солагӣ ва 60-солагии фаъолияти эҷодии Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистонро расман аз ҳеҷ кадом ниҳод таҳният нагуфтанд. Дар муқоиса бо дигар шабҳои эҷодии номбурда, дар ин ҷо шогирдону ҳаводоронаш низ аз табрикоти ҳунарманд худдорӣ карданд.

Дар ин баробар, дар 60-умин шаби эҷодии Ҷӯрабек Муродов аз додани гул ва ҳама гуна ҳадяҳои дигар низ пешгирӣ шуд.

Танҳо, бо истисно, Хосият Ортиқова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз шогирдони Ҷӯрабек Муродов барои таҳнияти ӯ ба саҳна баромада, гуфт, "ҳунар, мактаб ва одамияти Ҷӯрабек Муродов хоса аст ва халқ ӯро ба ин мақом овардааст".

"Дар ҳамаи базмҳои мо устод Ҷӯрабек Муродов иштирок мекунанд, сухан мегӯянд, дуо медиҳанд, бе ҳузури ин кас ҳеч кадом барномаи мо намегузарад. Мо шогирдону фарзандон ифтихор мекунем, ки чунин падару устоди азиз дорем", – гуфт Хосият Ортиқова.

Ортиқова ҳамчунин ба ифтихори 80-солагии Ҷӯрабек Муродов ҷомаи зардӯзӣ пӯшонид ва аз номи ҳамаи шогирдонаш варо табрик кард.

Шаби эҷодии ҳунарманд пас аз ин, ба гуфтаи худаш, “бо ёди Худо, модар ва падар” идома кард. Панду насиҳат ҷузъи дигари ин барномаи шаби эҷодии мавсуф буд.

Ҷӯрабек Муродов гуфт, “мухлисон солҳо сурудҳои шӯхи маро гӯш карданд, акнун имшаб фақат сурудҳои ором ва рӯҳбахш мехонам”.

Ӯ дар барноми 60-умин шаби эҷодиаш сурудҳои дар 20-30 солагӣ сурудаашро дигарбора бозхонӣ кард. Суруди “Аз даст ояд, некӣ кун” дар оҳангу иҷрои Ҷӯрабек Муродов миёни мухлисони дар толор ҳузурдошта, бисёр ба хубӣ пазироӣ шуд ва ҳозирин бо овозхон ҳамовозӣ мекарданд.

Пас аз ин, суруди “Одамгарӣ” фазои рӯҳбахши кохро пур кард ва аҳли толор ҳамовози Ҷӯрабек Муродов шуданд. Таронаҳои “Моҳро меҳмон кунем”, “Бовар макун”, “Хатарнок аст” ва “Маҳрами асрори касе нест” дар радда қарор доштанд.

Дар ин баробар, оҳанги “Дар вафо оину расми дӯстдоронро чӣ шуд” аз тозатарин оҳангҳои барномаи шаби эҷодии Ҷӯрабек Муродов буд.

Ин ҳунарманд гуфт, “солҳо муноҷот дар фарҳангу адабу суруди мо ҷой дошт ва шоирони классики мо ба муноҷотҳои ҳамдигар бо муноҷот посух медоданд”.

“Мо дар санъати миллии тоҷик як ҷузъи майда ҷорӣ кардем: дар оҳанг оҳанг зам кардем ва номи онро “Наво бар наво” ниҳодем. Имрӯз бори аввал аз имтиҳони шумо мегузарад”, – афзуд Ҷӯрабек Муродов.

Нолаҳоят кардам аз ёд, эй муноҷот, оҳ, оҳ,

Дил зи дард омад ба фарёд, эй муноҷот, оҳ, оҳ…

Месароям то сабук гардад аламҳои дилам,

Як дам аз ғам гардам озод, эй муноҷот, оҳ, оҳ.

Дар ин баробар, ӯ таҳти ҳамин унвон бори нахуст суруди бозаргонии “Самарқануду Бухоро”-ро суруд ва ба мухлисонаш аз ин диёр ҳадя кард.

Ҷӯрабек Муродов дар шаби эҷодиаш гуфт, “ман соли 1963 ба майдони ҳунар омадам ва парчами овозхониро ба даст гирифтам, кунун 60 сол мешавад, ки парчами ин ҳунари тоҷик дар дасти ман аст”.

“Ин худсотоӣ нест, кори шударо мегӯям. Агар ҳар ҳамкасбам аз ман бештар ба давлатҳои хориҷа сафар кунад ва бо забонҳои бештари хориҷӣ суруд хонад, парчамро бо дасти худам медиҳам!”, – афзуд Ҳунарманди халқии СССР.

Ин ҳунарманди шаҳир дар 80-умин зинаи умраш аз дӯстону ёрони ҷавониаш ёд карда, дар ин робита суруди ҷадиди “Ҳамнишинонам куҷо рафтанду ёронро чӣ шуд”-ро ба рӯҳи онҳо бахшид.

Мавсуф охирин суруди барномаи шаби эҷодиашро аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ интихоб кард ва “Агар сад сол Худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ”-ро бо эҳсоси баланд бозхонӣ кард.

Барномаи “60-умин шаби эҷодӣ”-и Ҷӯрабек Муродов беш аз 4 соат идома кард ва бо чанд табрикоти вижа соати 21:30 ба поён расид.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...