Манбаъ: Ширин Амонзода аз вазифа озод гардид

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вазифа озод карда шуд. Дар ин хусус, як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Маълум нест, ки Ширин Амонзода ба вазифаи дигар таъйин шудааст ё не ва инчунин, маълум нест, ки ба курсии вазири меҳнат кӣ нишастааст. Абдуфаттоҳ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вазифа озод карда шуд. Дар ин хусус, як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Маълум нест, ки Ширин Амонзода ба вазифаи дигар таъйин шудааст ё не ва инчунин, маълум нест, ки ба курсии вазири меҳнат кӣ нишастааст.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” хабарҳо дар бораи тағйироти кадриро тасдиқ кард, вале гуфт, “ҳоло расман фармонҳоро ба даст нагирифтем ва аз ин рӯ, мушаххасан чизе гуфта наметавонем”.

Ӯ иброз дошт, ки баъди зуҳри имрӯз фармонҳо дар хусуси тағйироти кадриро дастрас ва дар сомонаи расмии президент интишор менамоянд.

Интизор меравад, ки дар баробари Ширин Амонзода, ҳамчунин чанд мансабдори дигар низ аз вазифа озод ва чандеи дигар ба вазифаҳои нав таъйин шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ширин Амонзода соли 2020 ба курсии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон нишаст ва яке аз кадрҳои ҷавон ва ояндадори ҳукумат гуфта мешуд.

Ӯ қаблан дар вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон кор карда, дар курсии вазирӣ Гулрӯ Ҷабборзодаро иваз намуд.

Дар хусуси тағйироти кадрӣ тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст