Марги ду муҳоҷири тоҷик дар Иркутск. Сафорат шахсияти ду нафари дигарро муайян мекунад

Date:

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати чанд шаҳрванди Тоҷикистонро дар пайи садамаи нақлиётии имрӯза, 9-уми январ, дар шаҳри Братски вилояти Иркутск шарҳ дода, гуфтааст, ки аз чор нафари фатида ду нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ин ниҳод бо нашри як баёния, ки дастраси “Азия-Плюс” низ гардид, афзудааст, ки шахсияти ду нафари дигари ҳалокшуда аз ҷониби Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Русия муайян мешавад.

“Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия дар мавриди ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Россия рух додааст, дар ҷараён буда, бо таассуф қайд менамояд, ки аз чор нафар ҳалокшудагон ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва ҳамдардиашро ба наздикони фавтидагон изҳор менамояд”, – омадааст дар баёнияи сафорат.

Ин мақоми дипломатӣ гуфтааст, ки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.

Ба таъкиди онҳо, қазия таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск қарор дорад.

Сабаби ҳодиса гуфта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 9-уми январи соли 2023, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи нақлиётӣ, ки гуфта мешуд, дар натиҷаи он, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, паҳн гардид.

“Азия-Плюс” барои шарҳи ҳодисаи мазкур ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат карда буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...