Рақибони Нурулло Алиев дар UFC ва Фаридун Одилов дар Лигаи АСА маълум шуданд

Фаридун Одилов, размикори тоҷик аввалин муборизаи худро дар доираи Лигаи АСА муқобили  варзишгари рус Элмар Гасанов баргузор мекунад. Нурулло Алиев, размикори дигари тоҷик бошад, дар мусобиқоти UFC, алайҳи Рафаэл Алвеси бразилӣ ба майдон мебарояд. Фаридун Одилов, ки дар Лигаи АСА ҳунарнамоӣ мекунад, 27-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Русия бо варзишгари рус Элмар Гасанов […]

Asia-Plus

Фаридун Одилов, размикори тоҷик аввалин муборизаи худро дар доираи Лигаи АСА муқобили  варзишгари рус Элмар Гасанов баргузор мекунад. Нурулло Алиев, размикори дигари тоҷик бошад, дар мусобиқоти UFC, алайҳи Рафаэл Алвеси бразилӣ ба майдон мебарояд.

Фаридун Одилов, ки дар Лигаи АСА ҳунарнамоӣ мекунад, 27-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Русия бо варзишгари рус Элмар Гасанов вориди рақобат мешавад. Ин нахустин набарди Фаридун Одилов дар Лигаи АСА мебошад. Ӯ қаблан дар Лигаи EFС-и Ҳабиб Нурмугаммедов, қаҳрамони доғистонии  UFC иштирок мекард.

Размикори рус Элмар Гасанов, ки бо Фаридун Одилов муҳориба мекунад, то кунун 4 ғалаба ва як мусовӣ дорад.

Фаридун Одлов бошад то кунун 12 пирӯзӣ (аз он 10-тоашро пеш аз мӯҳлат ба даст овардааст), 2 мусовӣ ва 2 бохт дорад.

Ҳамин тавр, рақиб ва рӯзи баргузории муҳорибаи наввалини размикори дигари тоҷик Нурулло Алиев дар мусобиқоти UFC (Ultimate Fighting Championship) маълум шуд.

Ӯ, ки дар вазни сабук (то 70 кг) иштирок мекунад, рӯзи 25-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА бо Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ муҳориба хоҳад кард.

Рафаэл Алвес дар UFC рақобати чаҳруми худро баргузор мекунад. Вай дар муҳорибаҳои размии омехта ва UFC 20 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 11-тоаш шикаст хӯрдааст.

Гуфтан лозим аст, ки Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC и AMC Fight Nights иштирок мекард.

Ӯ аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи ҳафт қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.