Дар Тоҷикистон бар асари сармо кӯдакистонҳо ҳам баста шуданд

Дар робита ба босуръат поинравии ҳарорат дар Тоҷикистон, кори муассисаҳои таълимии томактабӣ боздошта шуд. Мувофиқи фармоиши Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, бо назардошти пешгӯии обуҳавошиносон ва фарорасии сармо, чанд рӯзи минбаъда дар баробари мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ дар кӯдакистонҳо ҳам таътил эълон шуд. Таътил то 16 январ давом мекунад. “Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва […]

Asia-Plus

Дар робита ба босуръат поинравии ҳарорат дар Тоҷикистон, кори муассисаҳои таълимии томактабӣ боздошта шуд.

Мувофиқи фармоиши Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, бо назардошти пешгӯии обуҳавошиносон ва фарорасии сармо, чанд рӯзи минбаъда дар баробари мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ дар кӯдакистонҳо ҳам таътил эълон шуд.

Таътил то 16 январ давом мекунад.

“Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16-уми январ, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда оғоз мегарданд”, – зикр мегардад дар санад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ин тасмим бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон рӯйи даст гирифта шудааст.

Моҳи декабр дар Вазорати тандурустӣ изҳор дошта буданд, ки дар кишвар бемории “зукоми мавсимӣ” ҷараён дорад, лекин  бархе аз сокинони кишвар бар ин назаранд, ки аломатҳои зукоми кунунӣ ба коронавирус шабоҳат дошта, беморон, аз ҷумла кӯдакон онро вазнин паси сар мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то 14-уми январ дар қисмати бештари қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво сард шуда, барфи шадид меборад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.