Дар сармои шадид чӣ гуна мебояд худро эҳтиёт кард? Тавсияҳои муфид

Asia-Plus

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, то 14-уми январ дар қисмати бештари қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво сард шуда, барфи шадид меборад.

Дар ин рӯзҳои сармои шадид тавсияҳои муфиди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳуриро бароятон хотиррасон мекунем, ки аз манфиат холӣ нахоҳанд буд.

Қоидаҳои бехатарӣ зидди сӯхтор

Бо фарорасии зимистон дар хонаҳои истиқоматӣ сӯхторҳо бештар рух медиҳанд. Сабаби аслии он риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар истифодаи системаи гармидиҳист. Аксари ин сӯхторҳо аз асбобҳои барқӣ рух медиҳанд. Барои он ки ин асбоб шуморо аз сардӣ ҳифз кунад ва боз ин ки сабаби сӯхтор нашавад, чанд қоидаи асосиро ёдовар мешавем, ки риояи он бидуни шак амнияти шумо ва атрофиёнатонро таъмин хоҳад кард:

– дар ёд дошта бошед, ҳар асбобу анҷоми барқӣ муҳлати истифодаи худро дорад, истифодаи бештар аз меъёри таъиншуда метавонад оқибати нохӯш дошта бошад;

– ба таври доимӣ асбобҳои барқиро санҷед, бахусус коромад будани розеткаҳо ва дигар қисмҳоро тафтиш кунед;

– ҳолати дастгоҳи гармидиҳандаро ҳамеша зери назорат дошта бошед, қисмҳое, ки аз кор баромадаанд, бе таъхир иваз кунед;

 – аз дастгоҳҳое истифода кунед, ки бо усули саноатӣ сохта шудаанд, дар ягон ҳалат асбобҳои харобшуда, аз корбаромада, дастсохтро истифода кардан мумкин нест;

– аз афзоиши шабакаҳои гармидиҳӣ худдорӣ кунед, дар сурати истифода аз чанд асбоби қавӣ ҳамзамон назорати қатъӣ баред;

– дастгоҳҳои барқии гармидиҳиро шабона даргирон намонед, онҳоро барои хушконидани сару либос истифода накунед;

– ба бачаҳо иҷозат надиҳед, ки бо асбобҳои барқӣ бозӣ кунанд;

– дастгоҳҳои барқиро дур аз пардаи тирезаҳо ва мебел гузоред;

– ба таври доимӣ асбобҳои барқиро аз чангу хок тоза кунед, чанг ҳам метавонад сабаби сӯхтор шавад;

– қисмҳои шабакаи барқиро аз зери қолинҳо нагузаронед, болои онҳо чизҳои вазнин, масалан мебелро нагузоред;

– нерӯи барқро сарфакорона истифода баред, бе зарурат асбобҳои барқии гармидиҳиро гирон накунед;

– ҳангоми боди сахт зери дарахтон, пояҳои сустниҳоди рекломҳо, симчӯбҳои интиқоли қувваи барқ  наистед.

Чӣ бояд кард, ки аз гази карбон заҳролуд нашуд?

Гази карбонро наметавон бо чашм дид ва ё ламс кард, вале маҳз он ва на сӯхтор сабаби маргу мири одамон ҳангоми сӯхторҳо мешавад. Аммо хонаҳоро бе рӯ ба рӯ шудан ба чунин ҳолатҳо низ метавон гарм кард. Ба чӣ бояд бештар таваҷҷуҳ намуд?

Ба сокинони рустоҳо лозим меояд, ки ҳангоми алов мондан дар печҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Гази карбон замоне аз худ дарак медиҳад, ки ҳоло сӯзишворӣ пурра насӯхтааст, аммо соҳибони хона ба хотири нигоҳ доштани гармӣ дари печро мебанданд. Аз ин рӯ барои бастани он набояд саросема шуд. Бигзоред ҳезум ва ё ангиш то ба охир сурх шавад, он гоҳ гази карбон дигар наметавонад зарар расонад.

Нишонаҳои заҳролуд шуда ба гази карбонро дар хотир дошта бошед:

Таргии нафас дар қафаси сина, сардардиву сарчархӣ, сардаргумӣ, қайъкунӣ ва дар ҳоли таъсири бештари газ аз ҳуш рафтан.

Шумо лутфан диққат кунед, ки аксари нишонаҳои номбурдашуда ба нишонаҳои зуком, заҳролуд шудан аз ғизо ва дигар бемориҳо монанданд. Аз ин рӯ шумо ҳатто наметавонед пай баред, ки сабаби ин ҳолатҳо гази карбон аст, ки одамро заҳролуд кардааст.

Воситаҳои нақлиётии худро ба зимистон омода созед

Зимистон армуғони худро дорад. Аз сабаби бад шудани боду ҳаво ба хотири бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои куҳӣ ва ағбаҳо ба ронандагон тавсия медиҳем:

– мошини худро тафтиш кунед, ки нуқсе надошта бошад;

– батареяи акумляторро иваз  кунед; 

– чархҳои тобистониро бо зимистона табдил кунед, мошинҳои боркаши калонро бо занҷирҳои зидди яхбандӣ таъмин намоед, вақте мехоҳед ба сафар бароед, худро омодаи ҳар гуна офатҳо дар роҳҳоӣ куҳӣ кунед;

– дар бордони мошинатон сарулибоси гарм, фонус, бели хурд, трос, бушкаи эҳтиётии  пур аз сӯзишворӣ, гӯгирд, термоси пур аз об ё чойи гарм гузоред;

– дорухонаи мошинатонро нав кунед;

– бо суръате мошин ронед, ки бехатариро дар ҷойҳои сермошину серодам, назди мактабҳо, хамгаштҳо, пулҳо ва нишебиҳо таъмин созад;

 – ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ назар аз ҳолатҳои маъмулӣ масофаро бештар риоя кунед, хеле дур аз мошинҳои дигар ҳаракат кунед, то дар ҳоли зарурат тавонед мошини худро бехтар нигоҳ доред, бахусус дар роҳҳои лағжонак мушкилоти ҳаракат бештар аст;

– агар шумо натавонистед мошинатонро ба зимистон омода созед ва ё ин гуна имкон надоред, пас хуб мешуд аз сафарҳо худдорӣ варзед;

– ҳаракатро шабонгаҳон маҳдуд кунед.

Дар ин рӯзҳо  бидуни зарурати оҷил тавассути роҳҳои кӯҳистон ҳаракат накунед, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳигирӣ,  ҷамъоварии ҳезум дар кӯҳҳо худдорӣ кунед, вобаста ба вазъи обу ҳаво либоси гарм пӯшед ва қубурҳои бухориҳоятонро тоза кунед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...