Таътили зимистонаи хонандагон боз дароз карда шуд

Вазорати маориф ва илм бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он таътили зимистонаи хонандагони мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро дар Тоҷикистон то 20-уми январ тамдид кард. Дар ин бора сомонаи расмии вазорати маориф ва илм хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илм бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он таътили зимистонаи хонандагони мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро дар Тоҷикистон то 20-уми январ тамдид кард. Дар ин бора сомонаи расмии вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон гирифта шудааст.

“Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20-уми январ оғоз мегардад. Соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад”, – хабар медиҳад вазорат.

Ин вазорат меафзояд, ҳама ниҳодҳои масъул ва директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадоранд, ки ҷиҳати тамдиди таътили хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки қаблан Вазорати маориф ва илм таътили зимистонаи мактаббачагонро то 16-уми январ тамдид карда ва сабаби онро сардии ҳаво ва ҳифзи саломатии хонандагон шарҳ дода буд.

Ҳамчунин, боғчаву кӯдакистонҳо ҳам то 16-уми яннвар таътил мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки ба иттилои агентии обуҳавошиносӣ сардиҳои зимистонаи имсола то 25-уми январ идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.