Маоши баландтарин дар Суғд чанд аст ва онро кӣ мегирад?

Date:

Музди миёнаи меҳнат дар вилояти Суғд, давоми соли гузашта, 14,6 дарсад афзоиш ёфта, ба 1601 сомонӣ баробар шудааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда 1396 сомониро ташкил медод. Дар ин бора ба “Азия-плюс” аз Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, маоши баландтарин дар вилоят ба соҳаи фаъолияти молиявӣ рост меояд. Кормандони ин соҳа дар соли 2022  ба ҳисоби миёна 4547 сомонӣ маош гирифтаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад зиёд будааст.

Музди кормандони саноати истихроҷ 3375 сомонӣ ва саноати коркард 2572 сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2021 ҳудуди 11 дарсад афзудааст.

Маоши аз ҳама пасттаринро дар вилояти Суғд кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, хидматрасонӣ, фаъолияти идоракунӣ ва ёрирасон мегирифтаанд. Маоши кормандони соҳаи кишоварзӣ соли 2022 ба андозаи 12,4 дарсад афзоиш ёфта, ба 794  сомонӣ  баробар гардидааст. Музди меҳнати кормандони бахши идоракунӣ ва ёрирасон бошад 846 сомониро ташкил додааст. Маоши кормандони меҳмонхона ва тарабхонаҳо 801 сомониро дар бар мегирад, ки он  нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта  2,2 дарсад зиёд аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки музди миёнаи номиналии меҳнат дар ҷумҳурӣ дар моҳи октябри соли 2022 1858 сомонӣ ва музди ҳадди ақал 600 сомониро ташкил намуда буд.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ низ баландтарин маошро кормандони бахши молия ва суғурта мегиранд, ки он 5510 сомониро ташкил медиҳад. Музди камтаринро дар ҷумҳарӣ ҳам кормандони бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ мегирифтаанд, ки камтар аз ҳазор сомонӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...