Ҳалокати се кӯдак зери оби яхбаста дар Муъминобод

Дар ноҳияи Муъминобод се кӯдаки хурдсол зери оби яхбастаи обанбор монда, ба ҳалокат расидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки ин ҳодисаи фоҷеабор шоми рӯзи 21 январ рух додааст. “Тахминан соатҳои 17:30 се писар (2 нафар – 5-сола ва 1 нафар 4-сола), сокинони деҳаи Ғаробдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муминобод, ҳангоми яхмолакбозӣ дар болои обанбори […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Муъминобод се кӯдаки хурдсол зери оби яхбастаи обанбор монда, ба ҳалокат расидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки ин ҳодисаи фоҷеабор шоми рӯзи 21 январ рух додааст.

“Тахминан соатҳои 17:30 се писар (2 нафар – 5-сола ва 1 нафар 4-сола), сокинони деҳаи Ғаробдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муминобод, ҳангоми яхмолакбозӣ дар болои обанбори сунъии яхбастаи деҳа зери ях фурӯ рафта, ба ҳалокат расиданд”, – иттилоъ медиҳад Кумита.

Гуфта мешавад, ҷасадҳои се нафар кӯдаконро сокинони деҳа аз зери об берун кашида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз пеш ҳодисаи ба ин монанд дар Ҳисор рух дод. Ҳангоми гузаштан аз дарёи Хонақоҳ, ки ях баста буд, як хоҳар ва бародари 16 ва 7-сола,  сокинони деҳаи Гаҷаки ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба зери ях фурӯ рафтанд.

Бо талоши ҳамсояҳо писарбача аз  марг наҷот дода шуда, ҷасади духтар пас аз се соат 30 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шуд.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз падарону модарон бори дигар хоҳиш мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, онҳоро аз хатарҳои эҳтимолии гузаштан аз оби рӯду кӯлҳо, ки қабати начандони ғафси яхӣ доранд, огоҳ намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.