Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти пӯшида

Панҷ варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншшоти пӯшида-2023, ки аз 10 то 12 феврал дар шаҳри Остона (Қазоқистон) доир мегардад, иштирок мекунанд. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Тоҷикистонро дар чемпионат Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода намояндагӣ мекунанд. Интизор меравад, ки беш аз […]

Asia-Plus

Панҷ варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншшоти пӯшида-2023, ки аз 10 то 12 феврал дар шаҳри Остона (Қазоқистон) доир мегардад, иштирок мекунанд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Тоҷикистонро дар чемпионат Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода намояндагӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки беш аз 500 варзишгар аз 31 кишвари қора аз рӯи 26 риштаи варзиши сабук рақобат кунанд.

Гуфта мешавад, ин 10-ум Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида буда, чорабинӣ бояд 11-13 феврали соли гузашта доир мегашт, аммо бо сабаби пандемияи COVID-19 як сол мавқуф гузошта шуд.

Зикр мегардад, ки дар чемпионат занону мардон дар дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 1500м, 3000м, 60м бо монеаҳо, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, тела додани гулӯла, панҷҳарба (бонувон), ҳафтҳарба (мардон) ва эстафетаи 4х400м рақобат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионатҳои пешини Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти пӯшида, ки шурӯъ аз соли 2004 баргузор мешаванд, мунтахаби Тоҷикистон ҳоло ягон ҷоиза ба даст наовардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.