Сафорати Тоҷикистон дар Туркия: Миёни қурбониёну маҷрӯҳон тоҷикон нестанд

Тибқи иттилои расмии мақомоти Туркия, дар ҳоли ҳозир миёни ҳалокшудагон ва захмиён шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба “Азия-Плюс”  хабар доданд. “Ҳудуди 10-15 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар саросари Туркия кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамватанони мо дар шаҳрҳои Ғозиантеп, Адана, Қаҳрамонмараш, Диёрбоқир ва вилояти Ҳатай бо мушкилоти ночиз рӯбарӯ гардидаанд”, – […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Тибқи иттилои расмии мақомоти Туркия, дар ҳоли ҳозир миёни ҳалокшудагон ва захмиён шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба Азия-Плюс  хабар доданд.

“Ҳудуди 10-15 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар саросари Туркия кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамватанони мо дар шаҳрҳои Ғозиантеп, Адана, Қаҳрамонмараш, Диёрбоқир ва вилояти Ҳатай бо мушкилоти ночиз рӯбарӯ гардидаанд”, – гуфтанд дар сафорат.

Ба гуфтаи манбаъ, 12 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути телефони боварӣ ба сафорат тамос гирифта, бештари онҳо барои ба Истанбул рафтан кӯмак хостаанд.

“Дар баъзе ҷойҳо роҳҳо вайрон шуда, роҳбандӣ ба вуҷуд омадааст, сафар ба пойтахт 12-16 соат тӯл мекашад. Аммо Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи назди ҳукумати Туркия тавсия медиҳад, ки ба роҳ набароянд, аз ин рӯ мо кӯшиш мекунем, ки ба ҳамватанон дар маҳалли истиқоматашон кӯмак расонем.

Бар асари сардии ҳаво ва харобии роҳҳо дирӯз ҳамватани ҳомилаамонро аз Ғозиантеп берун оварда натавонистем. Ӯро ба хонаи дигар шаҳрвандони Тоҷикистон интиқол додаанд. Вақте ки вазъ беҳтар шавад, мо ба ӯ барои ба Истанбул рафтан кӯмак хоҳем кард”,-афзуд сафорат.

Айни ҳол Сафорати Тоҷикистон дар Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Қаҳраманмараш, Хатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диёрбоқир, Малатия ва Адана қарор доранд ва аз заминларзаи субҳи 6-уми феврал зарар дидаанд, телефони бовариро фаъол намудааст.

Тел: + 90 312 491 16 07

         + 90 538 594 32 10 (WhatsApp)

Тибқи омори ахир, шумори қурбониён дар Туркия ба 3419 нафар расида, 20534 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар натиҷаи заминларза 5775 бино тахриб шудааст.

Дар Сурия бошад, ҳудуди 1602 нафар ба ҳалокат расида, 3548 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.