“Аз 17 то 27 ҳазор сомонӣ”. Кӣ дар Тоҷикистон чунин нафақа мегирад?

Дар Тоҷикистон бархе аз кормандони собиқи низоми бонкӣ, хидматрасонии алоқа ва соҳибкорону бархе хидматчиёни давлатии пешин аз 17 то 27 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд. Дар ин бора Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ, имрӯз, 7-уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш дар посух ба суоли ба “Азия-Плюс” гуфт, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон бархе аз кормандони собиқи низоми бонкӣ, хидматрасонии алоқа ва соҳибкорону бархе хидматчиёни давлатии пешин аз 17 то 27 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд. Дар ин бора Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ, имрӯз, 7-уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш дар посух ба суоли ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳаҷми нафақа аз рӯи маоши баланд таъйин карда мешавад ва ҳоло дар Тоҷикистон нафароне ҳастанд, ки то 27 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд.

“Барои гирифтани нафақаи муносиб маоши баланд таъсир мегузорад. Агар шахс маоши баланд гирад, ба ӯ нафақаи баланд дода мешавад. Шурӯъ аз соли 2017 барои гирифтани нафақаи баланд ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст. Барои муайян кардани нафақаи шаҳрванд дар кишвар барномаи эллектроние роҳандозӣ шудааст, ки он бо назардошти кор ва музди меҳнат нафақаро таъйин мекунад”, – гуфт роҳбари Оҷонсии нафақа.

Роҳбари низоми нафақаи кишвар афзуд, бо ишора ба он ки маоши хизматчиёни давлатӣ низ сол аз сол боло меравад, ҳоло хизматчиёни давлатие ҳам ҳастанд, ки 17-18 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд.

Дилмурод Давлатзода бо такя ба сири нафақавӣ аз овардани номи чунин ашхос худдорӣ кард ва танҳо гуфт, онҳо намояндагони низоми бонкӣ, хидматрасонии алоқа, соҳибкорон ва бархе хидмачиёни давлатии собиқ мебошанд.

Номбурда афзуд, ки ба ҳолати 1-уми январ дар кишвар 763 ҳазору 333 нафақагир ҳастанд, ки теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 516 ё 1,8 дарсад бештар аст.

Ба таъкиди вай, талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 257,7 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 млн сомонӣ ё 2,1 дарсад афзоиш ёфтааст.

То 27 ҳазор сомонӣ маош гирифтане бархе кормандони бахшҳои мухталиф дар ҳолест, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 323,72 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ 395,39 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи суғуртавӣ 311,09 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ 213,37 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, қисме аз аҳолӣ аз меъёри пасти нафақа ва ҳамин тариқ, аз сари вақт нагирифтан он шикоят мекунанд.

Ба гуфтаи роҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, айни замон дар кишвар аз ҳисоби пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, барои пардохти кумаки яквақта дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ аз 9-уми декабр соли 2022 №597 "Дар бораи пардохт намудани кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ" ба 240 ҳазору 323 нафақагири гурӯҳи осебпазир, аз ҷумла гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, маъюбон, кудакони ятим ва аз сарабон маҳрумшуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 144, 2 млн сомонӣ дар ҳаҷми як ҳадди ақалли музди меҳнат – 600 сомонӣ маблағ пардохт гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо имзои як қарори Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, 6 –уми феврал ба тасвиб расид, аз 1-уми июли соли 2023 нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи 16 фоиз ва нафақаҳои дигари амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио