Дар Истаравшан як мард ба ҳамсараш ва додарарӯсаш чанд корд задааст

Дар шимоли Тоҷикистон алайҳи як сокини 23-солаи шаҳри Истаравшан, ки дар захмӣ кардани ҳамсараш ва бародари ноболиғи ӯ гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, хабар медиҳад маркази матбуотии ВКД ҶТ. Гуфта мешавад, ки гумонбаршуда рӯзи 9-уми феврал тахминан соати 23:00 ба хонаи волидайни ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри мазкур даромадааст. Ба иттилои манбаъ, ҳангоме […]

Asia-Plus

Дар шимоли Тоҷикистон алайҳи як сокини 23-солаи шаҳри Истаравшан, ки дар захмӣ кардани ҳамсараш ва бародари ноболиғи ӯ гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, хабар медиҳад маркази матбуотии ВКД ҶТ.

Гуфта мешавад, ки гумонбаршуда рӯзи 9-уми феврал тахминан соати 23:00 ба хонаи волидайни ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри мазкур даромадааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоме ки ҳамсараш хоб будааст, бо корд 3-4 маротиба ба аъзои бадани ӯ ва 1 маротиба ба бадани додарарӯсаш, ноболиғи 8-сола, ки дар паҳлӯи ҳамсараш хоб буд, задааст.

“Дар натиҷа номбурдагон ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд”, – омадааст дар хабари ВКД.

Тавре дар хабар омадааст, мард аз ҳиссиёти рашк ба ин амали бераҳмона даст задааст. Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.