Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаашро бо мунтахаби Ироқ, мусовӣ, сифр бар сифр ба поён расонид. Ин бози шаби душанбеи 24-уми май дар варзишгоҳи «Ал-Файҳ»-и шаҳри Басра баргузор шуд. Дар ин бораи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозӣ бо бартарии мизбонон сурат гирифт, вале онҳо аз чандин лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Футболбозони тоҷик бошанд, аслан аз пайи ҳимояи дарвозаашон буданд, бинобар ин бештар мизбонон ба нимаи майдони меҳмонон гузашта, дар ҷаримагоҳ ҳолатҳои хатарнокро ба вуҷуд меоварданд.
Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон чаҳор легионер – ҳимоятгар Давронҷон Эргашев (“Бунёдкор”, Узбекистон), нимҳимоятгарон – Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Узбекистон), Комрон Турсунов (“ТРАУ”, Ҳиндустон) ва ҳамлагар Шериддин Бобоев (“Пенанг”, Малайзия) – дохил буданд.
Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, аз Ироқ ба Имороти Муттаҳидаи Араб меравад ва рӯзи шанбе, 29-уми май, дар шаҳри Шарҷа бо тими миллии Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Баъдан тими миллии Тоҷикистон ба Осакаи Ҷопон сафар мекунад ва дар он ҷо ду бозии боқимондаашро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) баргузор мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.