Бозии футболбозони ҷавони Тоҷикистону Ӯзбекистон мусовӣ анҷом ёфт

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии санҷишии ниҳоиро анҷом дод. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 14 феврал мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом доданд. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Астерия Кремлин Палас» барпо гардида, бидуни […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии санҷишии ниҳоиро анҷом дод.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 14 феврал мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом доданд. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Астерия Кремлин Палас» барпо гардида, бидуни гол (0:0) ба анҷом расид.

Гуфта мешавад, барои дастаи Олег Кубарев ин шашумин рақобати дӯстона дар доираи тамриноти Анталия буд. Қаблан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуданд ва аз дастаҳои «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Полша (1:2) мағлуб гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) нерӯ месанҷад.

Ёдрас мекунем, ки мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023 байни ҷавонон (U-20) аз 1 то 18 марти соли равон дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.