Ширкатҳои мобилӣ ва 1,7 млн сомонӣ қарзи дебиторӣ бозори ҶСК “Тоҷиктелеком”-ро дар Суғд касод кардааст

Ширкатҳои мобилӣ ва таваҷҷуҳи бештари аҳолӣ ба он бозори ягона ширкати мухобиротии давлатии кишвар – ҶСК “Тоҷиктелеком”-ро дар вилояти Суғд касод кардааст. Ҳоло ин ширкат ба мушкили рӯёнидани қарзҳо ва тарки пеша кардани кормандонаш рӯбарӯ гардидааст. Дар ин бора Сӯҳроб Ғоибов, сардори ҶСК “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд, 13-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ӯ […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Ширкатҳои мобилӣ ва таваҷҷуҳи бештари аҳолӣ ба он бозори ягона ширкати мухобиротии давлатии кишвар – ҶСК “Тоҷиктелеком”-ро дар вилояти Суғд касод кардааст. Ҳоло ин ширкат ба мушкили рӯёнидани қарзҳо ва тарки пеша кардани кормандонаш рӯбарӯ гардидааст. Дар ин бора Сӯҳроб Ғоибов, сардори ҶСК “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд, 13-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки даромади асосии онҳо аз ҳисоби хидматрасонии телефонҳои хонагӣ буд ва ҳоло дар вилоят кам касон аз хидматрасонии ин ширкат истифода мекунанд.

“Танҳо дар шӯъбаи байнишаҳрии шаҳри Хуҷанд зиёда 200 нафар корманд (телефонистка) фаъолият доштанд ва корашон хеле зиёд буд. Ҳоло дар ин шуъба ҳамагӣ 4 нафар кор мекунанд ва хубкифо намебошанд. Сабаби ин, ширкатҳои мобилӣ аст”, – гуфт Сӯҳроб Ғоибов.

Ба қавли ӯ ҳоло шаҳрвандони хориҷӣ ҳам вақте ба Тоҷикистон меоянд, симкортҳои муваққатӣ мегиранд ё барқияву факсро истифода мекунанд ва кам касон аз телефонҳои ноқилӣ истифода мебаранд. Онҳое ҳам, ки истифода мекунанд, на ҳамеша маблағи хидматрасониро саривақт пардохт менамоянд.

Аз ин лиҳоз, айни ҳол қарзи дебитории ҶСК “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд 1 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Ҳам шаҳрвандон ва ҳам идораҳои давлатӣ аз ширкати мо қарздоранд. Танҳо Вазорати мудофиа зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Инчунин Раёсати маориф, ҳукумати маҳаллӣ ва дигар сохторҳо низ қарзҳои худро пардохт накардаанд”, – гуфт Сӯҳроб Ғоибов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.