Палатаи ҳисоб 376 млн сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро ошкор кардааст. 19 нафар аз вазифа озод шудаанд

Палатаи ҳисоб дар соли 2022 дар пайи санҷишҳо дар сохторҳои давлатии кишвар ба маблағи 376,9 млн сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро ошкор намудааст. Дар ин бора Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб имрӯз, 15-уми феврал, зимни нишастии матбуотӣ, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Палатаи ҳисоб дар соли 2022 дар пайи санҷишҳо дар сохторҳои давлатии кишвар ба маблағи 376,9 млн сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро ошкор намудааст. Дар ин бора Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб имрӯз, 15-уми феврал, зимни нишастии матбуотӣ, хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ошкор карда шудаанд.

Аз маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардида:

– хароҷотҳои ғайриконунии пулию молӣ 29,3 млн сомонӣ;

– камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,9 млн сомонӣ;

– изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 37,5 млн сомонӣ;

– фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 926,2 ҳазор сомонӣ;

– талафи воситаҳои пулию моли 171,4 млн сомонӣ;

– маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 88,5 млн сомонӣ;

– пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 41,7 млн сомонӣ;

– ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 5,5 млн сомониро ташкил медиҳад.

Қарахон Чиллазода гуфт, оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, ба буҷа 275,4 млн сомонӣ, ба корхона ва ташкилоту муассисаҳо 100,1 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар рафти чорабиниҳои аудиторӣ қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобӣ ба маблағи 12,6 млн сомонӣ, зиёдомади молу маводи арзишдор 9,0 млн сомонӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳо 141,3 ҳазор сомонӣ ба буҷа ва корхонаҳо барқарор гардида, маблағгузориҳои сметаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷаӣ ба қадри 21,4 млн сомонӣ ва қарзҳои беасоси кредиторӣ ба андозаи 1,9 млн сомонӣ кам карда шудаанд.

Палатаи ҳисоб дар соли 2022 ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо марказҳои лоиҳаҳои ва сармоягузорӣ 31 хулоса ва мактубҳои ахборотӣ бо 1774 тавсияҳои судманд ирсол кардааст, ки дар пайи он 34 қарору фармон қабул гардида, 323 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаааст ва 19 нафар аз вазифаи ишғолнамудаашон озод гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.