Боздошти сардори бахши дини Панҷакент

Зоҳир Муҳиддинов, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Панҷакент бо гумони гирифтани пора дирӯз, 22-юми феврал, аз тарафи кормандони мақомоти прокуратураи шаҳр боздошт ва бо шарти тарк накардани макони зист, озод шудааст. Ба қавли як манбаъ аз прокуратураи шаҳри Панҷакент нисбати Зоҳир Муҳиддинов бо қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне […]

Asia-Plus

Зоҳир Муҳиддинов, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Панҷакент бо гумони гирифтани пора дирӯз, 22-юми феврал, аз тарафи кормандони мақомоти прокуратураи шаҳр боздошт ва бо шарти тарк накардани макони зист, озод шудааст.

Ба қавли як манбаъ аз прокуратураи шаҳри Панҷакент нисбати Зоҳир Муҳиддинов бо қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Ин модда ҷарима ҳудуди 370 ҳазор то 870 ҳазор сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 солро пешбинӣ мекунад.

“Зоҳир Муҳиддинов боздошт шуд ва баъдан, бо забонхат, яъне бо шарти тарк накардани маҳали зист, раҳо гардид”, – гуфт манбаи мо дар прокуратураи шаҳри Панҷакент.

Зоҳир Муҳиддинов беш аз ду сол дар ин вазифа кор кардааст. Қаблан ӯ дар вазифаҳои сардори шӯъбаи сохтмони асосии дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент, директори Кохи Лоиқ ва шӯъбаи амволи шаҳр фаъолият намудааст.

Бояд гуфт, ин маротибаи аввал нест, ки масъулини ҳукумати шаҳри Панҷакент бо ҷурмҳои гуногун боздошт мешаванд.

Қаблан роҳбари бахши ҷавонони шаҳри Панҷакент, Афзалшоҳ Дӯстзода аз сӯйи мақомоти милисаи шаҳри Панҷакент бо гумони қаллобӣ дастгир шуда буд. Гуфта мешуд, ки ӯ аз як нафар бо ваъдаи омода кардани билети ҳарбӣ маблағ гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.