Моҳи март обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Моҳи март бо ҳавои хушку гарм оғоз мегардад. Ҳафтаи аввали моҳ ҳарорат рӯзона аз 17 то 25 дараҷа гарм мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Рӯзҳои аз 1 то 4 март дар ҷумҳурӣ боришот дар назар нест. Ба сурати умум моҳи март ҳарорат рӯзона баъзан то 29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Моҳи март бо ҳавои хушку гарм оғоз мегардад. Ҳафтаи аввали моҳ ҳарорат рӯзона аз 17 то 25 дараҷа гарм мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Рӯзҳои аз 1 то 4 март дар ҷумҳурӣ боришот дар назар нест.

Ба сурати умум моҳи март ҳарорат рӯзона баъзан то 29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва водиҳо, баъзан дар пойтахт ҳам боришот (борон) дар назар буда, тибқи маълумоти обуҳавошиносон, миқдори боришот аз меъёр каме баланд хоҳад буд.

Ба ин тариқ, давоми моҳ дар Душанбе тағйирёбии ҳарорат шабона аз 2-7 то 9-14 дараҷа гарм, рӯзона – аз 14-19 то 24-29 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Миқдори моҳонаи боришот аз меъёр баландтар (меъёр 48 мм) дар назар аст.

Ҳарорати миёнаи моҳона дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2-7 то 9-14 дараҷа гарм ва рӯзона аз 14-19 то 24-29 дараҷа гарм мешавад. Миқдори боришот дар давоми моҳ дар ҳадди меъёр хоҳад буд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо шабона то 10 дараҷа гарм ва рӯзона – то 23 дараҷа гарм дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорат то 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат – шабона аз 7 дараҷа хунук ва рӯзона – то 15-20 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.

Дар шарқи ВМКБ дар даҳаи аввали моҳи март реҷаи ҳарорати паст пешбинӣ мешавад: рӯзона то 3-8 дараҷа хунук, шабона  – то 19-26 дараҷа хунук. Дар давраи боқимонда  ҳарорат рӯзона то 11 дараҷа гарм мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.