Барои парвозҳои дохилӣ. Ҳавопаймои чехии “L410 NG” дар Душанбе муаррифӣ шуд

Ширкати чехии “Aircraft Industries” рӯзи 27-уми феврал дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муаррифии ҳавопаймои “L410 NG” баргузор кард. Дар ин бора сомонаи расмии “Сомон Эйр” иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ҳавопаймои “L-410 NG” аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, хусусияти беҳтаршудаи парвозиро дорад. “Ин ҳавопаймо бо технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ширкати чехии “Aircraft Industries” рӯзи 27-уми феврал дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муаррифии ҳавопаймои “L410 NG” баргузор кард. Дар ин бора сомонаи расмии “Сомон Эйр” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳавопаймои “L-410 NG” аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, хусусияти беҳтаршудаи парвозиро дорад.

“Ин ҳавопаймо бо технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод”, – менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар муаррифӣ намояндагони “LET Aircraft Industries” оид ба имконияти техникии ҳавопаймо маълумот дода, намояндагони расмӣ, роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ ба парвози намоишӣ даъват гардида, дар ҷараёни парвоз бо кори ҳавопаймои истеҳсоли Чехия шинос шудаанд.

Ба таъкиди ширкати “Сомон Эйр”, ширкати мазкур имконоти гуногуни тавсеаи парки ҳавоймоии худро барои иҷрои парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ баррасӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳайати Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз корхонаи “LET Aircraft Industries”-и Чехия боздид намуда буд. Мақсади сафар шиносоӣ бо раванди истеҳсоли ҳавопаймои “L410 NG” ва ҳамчунин баррасии масъалаҳои омодасозии кадрҳои техникӣ ва парвозии ширкати ҳавопаймоӣ буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.