Президент бонувони тоҷикро бо иди занон табрик кард

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бонувони тоҷикро бо ҷашни Рӯзи модар табрику таҳният гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

“Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст. Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд”, – омадааст дар паёми шодбошии президент ба ин муносибат.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст.

Сарвари давлат зикр кард, ки ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд.

“Ҳамчунин, 25 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ва 23 фоизи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ занону бонувон мебошанд”, – изҳор дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, дар бунёди иншооти муҳимми аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» 900 нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд.

“Мо вазифадорем, ки модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем ва кӯшиш намоем, ки модарону бонувон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд”, – таъкид дошт сарвари давлат.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...