Дар Туркия зарар аз заминларза 80 млрд доллар арзёбӣ шуд

Зиёни тахминии ба Туркия аз заминларза расида ҳудуди 80 млрд долларро ташкил медиҳад, изҳор доштааст вазири кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали ин кишвар Вахит Киршичи, хабар медиҳад РБК бо истинод ба Sabah. Ӯ зикр кардааст, ки зиёни молиявӣ танҳо дар Раёсати захираҳои обӣ вақте ки замони обёрии заминҳои кишт бо ёрии низоми обрасонӣ зери фишор оғоз […]

Asia-Plus

Зиёни тахминии ба Туркия аз заминларза расида ҳудуди 80 млрд долларро ташкил медиҳад, изҳор доштааст вазири кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали ин кишвар Вахит Киршичи, хабар медиҳад РБК бо истинод ба Sabah.

Ӯ зикр кардааст, ки зиёни молиявӣ танҳо дар Раёсати захираҳои обӣ вақте ки замони обёрии заминҳои кишт бо ёрии низоми обрасонӣ зери фишор оғоз мегардад, метавонад боз зиёдтар шавад.

Ғайр аз ин, минтақаҳои осебдида истеҳсоли маҳсулоти содиротиро 40% кам карданд, гуфтааст Киршичи. Вазир шарҳ додааст, ки ҳиссаи минтақаҳои аз офат осебида дар ҳаҷми умумии содироти Туркия ҳудуди 15,5%-ро ташкил дода, лекин ҳозир то 10% кам шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6 феврал дар Туркия заминларзаи 7,7 балла рух дода, пас аз он як силсила таконҳои қувваашон нисбатан пасттар ба амал амаданд. Офати табиӣ ба Сурия ҳам таъсир кард. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба зиёда аз 46,1 ҳазор нафар расид. Президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ин ҳодисаро харобиовартарин дар таърихи кишвар номид. Дар натиҷаи таконҳо тарқишҳо пайдо шуданд.

Эрдуғон зикр кард, ки шумори бинову иншооти аз заминларза фурӯрафта, садамавӣ ва хеле зиёд тахришуда ҳудуди 230 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Дар мавриди ҳолати номуносиби бисёре аз хонаҳои тахрибшуда дар Туркия тафтишот роҳандозӣ шудааст.

Бонки ҷаҳонӣ зиёни мустақимро аз заминларза дар Туркия тақрибан 34,2 млрд доллар арзёбӣ кард. Дар Бонк зикр кардаанд, ки хароҷоти таъмиру навсозии онҳо метавонад ду баробар зиёдтар шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.