Алайҳи тоҷике, ки дар Русия хоҳарашро ҳимоя кард, парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд

Мақомоти Русия алайҳи як зодаи 20-солаи Тоҷикистон, ки аз хоҳари ноболиғаш пуштибонӣ намуда буд, бо иттиҳоми авбошӣ ва расонидани зарари миёна ба саломатӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, шоми 22-юми феврали соли 2023 як сокини 20-солаи маҳаллӣ дар назди манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Волжское […]

Мақомоти Русия алайҳи як зодаи 20-солаи Тоҷикистон, ки аз хоҳари ноболиғаш пуштибонӣ намуда буд, бо иттиҳоми авбошӣ ва расонидани зарари миёна ба саломатӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, шоми 22-юми феврали соли 2023 як сокини 20-солаи маҳаллӣ дар назди манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Волжское дар шаҳри Самара, нисбати кӯдаки 10-солаи рус, бо гумони он ки хоҳари 11-солаашро латукӯб мекунад, “даст ба амалҳои авбошӣ задааст”.

“Гумонбаршуда ҳамроҳи шиносонаш ба рӯй, сар ва тани падари писарбачаи номбурда чанд зарбаи мушту лагад задаанд. Як сокини хонае, ки дар наздикии он занозанӣ рух додааст, талош кардааст, ки муноқишаро қатъ кунад, вале гумонбарон ӯро низ захмӣ кардаанд”, – менависад Кумитаи тафтишоти Русия.

Мақомоти тафтишотӣ шахсияти ҳамаи иштирокчиёни муноқишаро муайян карда, ҳоло бар зидди сокини 20-солаи зодаи Тоҷикистон бо моддаҳои 213 ва 112, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноятии Русия (авбошӣ ва қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Гуфта мешавад, ки муфаттиш парвандаи мазкурро бораи чораҷӯӣ ва ба ҳабси пешакӣ гирифтани гумонбаршаванда ба суд ирсол кардааст.

Нашрияҳои маҳаллӣ қаблан хабар дода буданд, ки дар робита ба ин қазия як зодаи Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯ барои ҳимояти хоҳари 11-солааш аз латукӯби писари 10-солаи маҳаллӣ вориди муноқиша шудааст.

Хабаргузории русии “Самара-Безформата” менависад, ки гумонбаршаванда як зодаи Тоҷикистгон аст.

Ба навиштаи ин расона, муноқишаи байни мактаббачагон оғоз шудааст ва бачаҳо як духтари зодаи Тоҷикистонро латукӯб кардаанд. Наздикони духтар барои ҳифзи кӯдаки худ ба ҷои кори модари яке аз хонандагоне, ки дар занозанӣ ширкат дошт, рафта, хоҳиш кардаанд, ки бо падари кӯдак сӯҳбат кунанд. Дар натиҷа занозанӣ сар задааст.

Кумитаи тафтишотӣ гуфтааст ҳоло санҷиш идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.