Боздошти як зан барои сеҳру ҷодугарӣ

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як сокини 61 – солаи пойтахтро бо номи Ҳ.Қ. барои машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ дастгир намудааст. Дар ин бора сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ин зан дар манзили истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, дар баробари иҷрои амалҳои фолбиниву сеҳргарӣ, ҳамзамон дар муҳити ғайрисанитарӣ […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як сокини 61 – солаи пойтахтро бо номи Ҳ.Қ. барои машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ дастгир намудааст.

Дар ин бора сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин зан дар манзили истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, дар баробари иҷрои амалҳои фолбиниву сеҳргарӣ, ҳамзамон дар муҳити ғайрисанитарӣ ба хунгирӣ (ҳиҷома) низ машғул будааст.

“Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии ӯ як қатор ашё ва предметҳое, ки барои сеҳргариву фолбинӣ истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд”,- афзудааст ин ниҳод.

Гуфта мешавад, ҳангоми санҷиши Раёсати ВКД дар хонаи ин зан 3 нафар барои иҷрои амалҳои фолбинӣ ҳузур доштаанд.

Таъкид мегардад, ки зани боздоштшуда ягон хел маълумоти тиббию динӣ надоштааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Ҳ.Қ. тибқи талаботи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон машғул шудан бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ тибқи қонунгузорӣ манъ аст. Ҳамчунин, бар асоси талаботи динӣ низ машғул шудан бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ иҷоза дорда намешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.