Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин Чемпионати CAFA иштирок мекунад

Аввалин дар таърих Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни мунтахабҳои миллии футболи мардона аз 9 то 21 июни соли равон баргузор мешавад. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, 6 созмони аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкати худро дар чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои миллӣ тасдиқ карданд. […]

Asia-Plus

Аввалин дар таърих Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни мунтахабҳои миллии футболи мардона аз 9 то 21 июни соли равон баргузор мешавад.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, 6 созмони аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкати худро дар чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои миллӣ тасдиқ карданд.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа тими миллии Русия низ ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ яке аз дастаҳои Осиёро барои ширкат дар мусобиқаи нав даъват мекунад.

Тибқи нақша пас аз натиҷаи қуръакашӣ 8 даста ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар он бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд.

“Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюми мусобиқа мубориза мебаранд”, – омадааст дар хабари Федератсияи футбол.

Тавре ки дар сомонаи sports.ru хабар дода мешавад,  котиби матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев изҳор доштааст, ки бозиҳои чемпионат дар шаҳрҳои Тошканду Бишкек баргузор мешаванд.

Зикр мегардад, ки барои дастпарварони мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ширкат дар чемпионати CAFA-2023 яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки он аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.