Мурофиаи навбатии гумонбар ба қатли Ҳувайдо Тиллозода пагоҳ баргузор мешавад

Пагоҳ, 15-уми март, мурофиаи додгоҳии Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷик баргузор мегардад. Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона таҷовуз ва кушта шуда буд. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки мурофиаи навбатӣ пагоҳ соати 11 дар Додгоҳи вилояти Маскав баргузор мегардад. Ӯ […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Пагоҳ, 15-уми март, мурофиаи додгоҳии Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷик баргузор мегардад.

Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона таҷовуз ва кушта шуда буд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки мурофиаи навбатӣ пагоҳ соати 11 дар Додгоҳи вилояти Маскав баргузор мегардад.

Ӯ мегӯяд, умед дорад, ки Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва қатли фарзандаш, ҷазои сазовор хоҳад гирифт ва ин охирин мурофиа хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки бори охир 22-юми июни соли 2021 мурофиаи додгоҳии Александр Сёмин баргузор гардида буд, ки ҳеҷ натиҷа надод.

Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.

Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.