“Рӯҳи духтарам шод шуд”. Қотили Ҳувайдои 5-сола 24 сол аз озодӣ маҳрум гардид

Date:

Додгоҳи вилояти Маскав имрӯз, 15-уми март, Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷикро 24 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдулло Тиллозода ба “Азия-Плюс” гуфт, “додгоҳи шаҳри Маскав Александр Сёминро қотил ва таҷовузгар эътироф карда, ба 24 соли зиндон маҳкум намуд”.

“Қотили фарзандам имрӯз ҷазои сазовор гирифт, зеро тамоми Тоҷикистон бо мо буд. Панҷ сол ин рӯзро интизор будем. Акнун рӯҳи духтарам шод аст”, – гуфт Абдусалом Саидов.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳувайдо Тиллозодаи хурдакак

Нигина Тиллозода, модари Ҳувайдо, ки дар Тоҷикистон аст, гуфт, ки “дуояшро Худо шунид ва руҳи фарзандаш акнун ором аст”.

“Фаришати ман имрӯз ором гашт. Панҷ сол руҳану ҷисман шикастем, вале боз хестему даъво кардем”, – илова кард Нигина Тиллозода.

Волидони Ҳувайдо Тиллозода аз ҳамаи онҳое, ки дар ин муддат паҳлӯяшон буданд ва дастгирӣ карданд, аз ҷумла ба намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳори миннатдорӣ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Назари пайвандон ва вакили дифои Александ Сёмин дастрас нест.

Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.

Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...