Машқгоҳи ҳарбии нав дар Бадахшон дар заминҳои хоҷагии “Помир” сохта мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ барои сохтмони машқгоҳи ҳарбӣ дар сарҳад бо Афғонистон қитъаи замин ҷудо кард. Мувофиқи қарор, қитъаи замин дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба истифодаи бемуҳлат ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои гузаронидани машқҳои мунтазами тактикӣ, тирпарронӣ ва ронандагӣ дода мешавад. “Барои сохтмони машқгоҳ заминҳои хоҷагии давлатии “Помир” дар ноҳияи Шуғнон” бо майдони […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ барои сохтмони машқгоҳи ҳарбӣ дар сарҳад бо Афғонистон қитъаи замин ҷудо кард.

Мувофиқи қарор, қитъаи замин дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба истифодаи бемуҳлат ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои гузаронидани машқҳои мунтазами тактикӣ, тирпарронӣ ва ронандагӣ дода мешавад.

“Барои сохтмони машқгоҳ заминҳои хоҷагии давлатии “Помир” дар ноҳияи Шуғнон” бо майдони умумии 1075,30 гектар, аз он 109,08 гектар чарогоҳ, 0,62 гектар – зери дарёҳо, ҷӯйҳо ва сойҳо, 94,98 гектар – қумзор, 0,03 гектар – зери роҳҳо ва гузаргоҳҳо, 870,59 гектар – фурӯрафта, ярч ва шағалдор гирифта мешаванд”, – омадааст дар қарор.

Гуфта мешавад, ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки қитъаҳои замини додашударо бо тартиби муқарраргардида мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намояд.

Дигар ҷузъиёти масъала, аз ҷумла муҳлати муқарраршуда барои сохтмон дар қарор зикр нашудааст.

Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ низ муяссар нашуд, ки дар бораи ҷузъиёти сохтмони машқгоҳи нав маълумот дарёфт кунем.

Айни замон дар Тоҷикистон ду машқгоҳи ҳарбӣ дар сарҳад бо Афғонистон амал мекунанд: “Момирак” каме дуртар аз шаҳри Кӯлоб ва “Ҳарбмайдон” дар қаламрави ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон.

Ғайр аз ин, каме дуртар аз Душанбе машқгоҳҳои “Фахробод” ва “Лоҳур” ва дар наздикии шаҳри Бохтар – тамрингоҳи “Самбули” ҷойгиранд, ки дар он ҷо пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.