Додситони кулли Тоҷикистон: соли 2022-ум 97 нафар ба Тоҷикистон истирдод шуданд

Соли 2022 дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ 97 нафар, аз ҷумла 18 ҷинояткори муттаҳам бо ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи сездаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш додааст. Ба гуфтаи манбаъ, соли гузашта дар Тоҷикистон 1197 ҷинояти хусусияти террористӣ – экстремистидошта сабт […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Соли 2022 дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ 97 нафар, аз ҷумла 18 ҷинояткори муттаҳам бо ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи сездаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, соли гузашта дар Тоҷикистон 1197 ҷинояти хусусияти террористӣ – экстремистидошта сабт шуд, ки нисбат ба соли 2021 18,5 дарсад зиёд аст. Гуфта мешавад, ки дар ин миён ба ҷиноятҳои террористӣ 37 адад, хусусияти террористӣ – 308, экстремистӣ – 790 ва хусусияти экстремистӣ – 62 адад рост меояд.

“Омори ҷинояткорӣ асосан аз ҳисоби ҷиноятҳои дар солҳои пеш содирнамудаи роҳбарон ва аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд шудааст”, – гуфтааст Юсуф Раҳмон.

Дар умум, додситонӣ дар соли гузашта 398 парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба фаъолияти экстремистӣ – террористӣ нисбат ба 614 нафарро ба додгоҳ ирсол карданд.

Дар баробари ин, ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, соли 2022 ҷиҳати бастани 17 вебгоҳи ифротӣ, пешгирии пахши онлайнии барномаи онҳо ва бастани 172 пойгоҳи хусусияти шаҳвонидошта амрҳои додситонӣ ирсол шуд, ки дар натиҷа вебгоҳҳои мазкур комилан қатъ ва пахши барномаҳои таҳрикомез маҳдуд карда шуд.

“Соли гузашта 124 ҳолати ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷалб намудани ноболиғон муайян шуд, ки ба вилояти Хатлон – 73 адад, вилояти Суғд – 25 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 21 адад рост меояд”,- афзудааст додситони кулли Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2022 таълимоти динии пинҳонии кӯдакон дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Кӯшониён, Вахш, Нуробод, Рашт, Файзобод, Тоҷикобод, Роштқалъа ва Шуғнон зиёдтар ошкор шудааст.

Додситонӣ дар ин самт 1133 санади эътиноӣ бароварда, нисбат ба 110 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Аз сӯйи дигар додситони кулли Тоҷикистон аз тақвияти ҳамкориҳо бо Додситонии кулли Эрон хабар дод. Вай дар ин замина гуфт, ки ҷиҳати муайян намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар мадрасаҳои динии Эрон ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғуланд, ба ин кишвар ду корманди додситонӣ сафар намуд.

Дар натиҷаи таҳқиқи ин масъала 58 нафар толибилмони тоҷик дар мадрасаҳои динии Эрон муайян шуданд, ки аллакай 7 нафари онҳо ба ватан баргардонида шуда, ҷиҳати бозпас гардонидани боқимонда корҳо идома дорад.

Тибқи омори Додситонии кулли Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи январ дар кишвар 8631 ҷинояткор дар ҷустуҷӯ қарор дошта, аз ин миён 2483 нафар аллакай дастгир шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, соли 2022 дар Тоҷикистон 22481 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 1637 ҷиноят кам буда, кушодашавии ҷиноятҳо 76,7 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.