Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи пешниҳоди эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо”-ро шарҳ дод

Дирӯз, 22-юми март, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони Тоҷикистон – ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки […]

Asia-Plus

Дирӯз, 22-юми март, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони Тоҷикистон – ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории судманд дар ташкили ин чорабинӣ изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки чорабинии имрӯза қадами аввал дар роҳи татбиқи қатъномаи нави Созмони Милал оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад.

“Ҳадафи пешниҳоди эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад”, – зикр намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки тибқи қатъномаи СММ, Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.

Дар робита ба ин, Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ҳамоиши байналмилалӣ омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро иброз намуда, аз кишварҳои аъзои СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт даъват ба амал овардааст.

Дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи Конфронси оби СММ – 2023, баргузор карда шуд, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Президенти Боливия Луис Аберто Арсе, Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, директори генералии Агентии байналхалқӣ оид ба неруи ҳастаӣ Мариано Гросси, директори генералии Иттифоқи байналхалқии ҳифзи табиат Бруно Оберле ва муовини директори ЮНЕСКО Син Тсюя иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр низ ширкат варзид.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20-уми март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби СММ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.